Чанд шаббоз пай дар пай хоҳарам ба хобам медарояд. Сахт дар ташвиш ҳастам, зеро саломатии хоҳарам чандон хуб нест.
Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед. Мансур, ш. Душанбе Посух Бародари азиз! Ором бошед, хоҳари худро хоб дидан фоли нек аст.
Дар хобномаҳо омадааст, ки хоҳар дар хоб рамзи хушбахтӣ, осудагӣ, тӯю тамошо ва барори кор мебошад. Касе, ки хоҳарашро хоб мебинад, ягон хабари хуш мешунавад ё дар ҳаёташ ҳодисаи хурсандиоваре рӯй медиҳад.
Ҷавони муҷаррад хоҳарашро хоб бинад, бо духтари зебои покдомоне издивоҷ намуда, ҳаёти хушбахтона ба сар мебарад ва ҳамчуноне, ки хоҳараш ғамхору мададгори ӯ буд, ҳамсараш низ дар зиндагӣ ғамхору мададгораш мегардад.
Зан ё марди оиладор хоҳарашро дар хоб бубинад, дар хонадонаш духтари солеҳае ба дунё меояд.
Хоҳар дар хоб рамзи умри дароз дидани шахси хобдида низ буда метавонад. Хоб бинед, ки хоҳаратонро бо меҳр бӯса карда истодаед, дар зиндагии шумо ё ҳамон хоҳаратон, ки ба хобатон даромада буд, ягон ҳодисаи хурсандиовар рӯй медиҳад.
Дар хобномаҳо омадааст, ки кас дар хоб аз рухсораи хоҳараш бӯса кунад, ояндаи дурахшоне ӯро интизор аст.
Хоҳаратон дар хоб шуморо бӯса кунад, ин нишонаи он аст, ки аҳли оилаатонро бисёр дӯст медоред ва барояшон чизеро дареғ намедоред.
Дар маҷмӯъ хоҳар дар хоб ба зиндагии хушбахтона ишорат мекунад ва касе, ки чунин хоб мебинад, ҳаёти ширин ба сар хоҳад бурд