Шаб аз нисф гузашта буд, ки садои ҷарангос зада афтидани чизе маро аз хоби ширин бедор кард. Зуд либосҳоямро пӯшида берун баромадам. Чашмам ба суроби ду одам афтид, зуд худро паси девори ошхона гирифтам.
хоҳар«Марҷона ҳозир мебарояд, ту ҳамин ҷо истода қаровулӣ кун» гуфтани яке аз он ду меҳмони нохонда ба гӯшам расиду ҳангам канд. Фаҳмидам, ки дузд не, ошиқи хоҳарам бо ким-кадом ошнояш ба ҳавлӣ даромадааст. Базӯр лабамро зери дандон гирифта, интизор шудам, ки давоми ин кинои бе пул чӣ мешавад. Лаҳзае пас хоҳарам таги либоси таҳпӯш аз хонаи хобаш баромад ва ба яке аз он ҷавонон бӯсае тақдим намуд, сипас ҳардуяшон даст ба даст ба поёни боғамон равон шуданд. Ноаён аз паси ҷавони «қаровул» гузашта даҳонашро бо кафи дастам доштам ва мушти обдоре ба баногӯшаш задам. Намедонам маро дев ё ҷин гумон карда тарсид ё зарбаи задаам бисёр сахт буд, ки ҷавон беҳуш шуда афтид. Кашолакунон ӯро ба кунҷаки хилвате бурдаму барои эҳтиёт дасту пойҳояшро бо ресмон бастам, сипас аз паси дастгир намудани хоҳарам ва ошиқаш шудам.
Вақте ки ба поёни боғ расидам, аллакай Марҷона дар оғӯши он ҷавон буд. Ғазаболуд кундаеро аз замин бардошта ба сараш задам. Хун аз сари ошиқи хоҳарам мисли фаввора шорида ба атроф пош хӯрд. Хоҳари беномусам бо дидани ин манзара ба даҳшат афтида, майли гурехтан намуд. Либосҳояшро сӯяш ҳаво дода гуфтам: «Фоҳишаи лаънатӣ, маҳ, бигир, тани ҳароматро пӯшон, ки ғарқи гуноҳам кардӣ!»
Хуллас, қиёмат он шаб дар хонаи мо гӯё қоим шуда, ҳавлӣ пур аз тамошобинони ҳангоматалаб гашт. Ошиқи хоҳарам писари устои деҳаамон буда, ҷо ба ҷо мурдааст. Ҷасади Абдукаримро ба хонаи падараш, ки аз мо поёнтар аст, бурданд. Падарам хоҳарамро оқ кард ва шабошаб аз хона ронд. Ҳамсояҳо милиса ҷеғ заданд. Пас аз чанд лаҳза кормандони мақомот ба хонааомн омаданд ва маро бо дастони баста ба милисахон бурданд. Ҳамин тавр аз рӯйи як духтари бе фаросату беномус ҷавоне зери хоки тира рафту ҷавони дигаре маҳкуми зиндон гашт.
Ҳоло ман дар кунҷи маҳбас нишаста худ ба худ фикр мекунам, ки агар ҳамон шаб дарҳол корду камон нагирифта, ғазабамро фурӯ мебурдаму бо бачаи ҳамсоя ошкоро суҳбат мекардам, шояд хоҳарамро ба занӣ мегирифт ва оилаамон бадному Марҷона оқипадар ва бачаи мардум ҷавонмарг намешуд. Шумо чӣ андеша доред?
Далер, аз зиндон