ИДОМААШ...
-Ман ба ту сағерабон нестам, бачаҳоятро гирифта бар, набошад, худи ҳамин рӯз бурда ба сағерахона месупорам,-Дод зад аз пасаш кампир.
Зулфия бори дигар боварӣ ҳосил намуд, ки натанҳо вай, балки фарзандонаш низ дар ин хонадон нонхӯри зиёдатию дарди саранд. Ҷавонзан аз роҳаш баргашта кӯдаки хурдиашро ба бағал гирифт ва ду фарзанди калонтарашро пеш-пеш карда ба кӯчаи калон баромад….
Роҳ ҷониби марг
Зулфия дигар гиря намекард, бар асари бисёр оби дида рехтан чашмаи чашмонаш хушкида буд ё аслан тамоми намуди ҳиссиёт дар вуҷудаш мурда, ҷавонзан ба як хӯсаи холӣ табдил ёфта буд. Бачаҳояшро қариб кашолакунон то болои пул расонд. Нав субҳ дамида буд ва кӯча ҳанӯз холӣ буд, танҳо аҳён-аҳён мошинҳо аз роҳ мегузаштанду халос. Зулфия сарашро каме хам карда аз болои пул ба зер нигарист, оби дарё бар асари борони сели шаб борида дамида ба назар аждарро мемонд. Аждаре, ки қурбонии навбатиашро бесаброна интизор аст.
Фариштаи наҷотбахш
Ҷавонзан кӯдаки дасташро ба рӯйи пул гузошта рӯймоли калонро аз сараш кушод. Мехост аввал ду фарзанди калониашро бо рӯймол ба ҳамдигар баста ба дарё партояду сипас худро бо хурдӣ ба коми ин аждари ташнаи хун андозад. Кӯдакони ҳайронро ба ҳамдигар ҷафс намуда, нав рӯймолро дар даври миёнашон тоб доданӣ буд, ки касе аз китфаш кашид. Зулфия рӯяшро ҷониби соҳиби даст гардонда, пири нурониеро дид, ки қомати баланд ва риши дарози аз барф ҳам сафедтар дошт. «Духтарам, барои чӣ ту ба ҷони худу фарзандонат ҷабр мекунӣ?! Тавба гӯй, худкушӣ кардан дар назди офаридгор гуноҳи азим аст. Касе, ки худкушӣ мекунад, то рӯзи қиёмат дар оташи сӯзони ҷаҳаннам хоҳад сӯхт. Тавба гӯй ва аз ин роҳи хато баргард. Худованди меҳрубон албатта мушкили туро осон мекунад…»
Пирамард инро гуфту худаш рӯймолро аз миёни фарзандони Зулфия кушод ва бо меҳр сари ҳарду сила кард, сипас кӯдаки хурдиро аз замин бардошта ба дасти модараш дод. Ҷавонзанро гӯё барқ зада бошад, на мадори лаб ба сухан кушодан дошт, на қудрати аз ҷой ҷумбидан, ин пирамарди баногоҳ гӯё аз осмон фаромада бо сеҳри суханаш ӯро чунон афсун карда буд, ки Зулфия моту мабҳут гашт.
-Шумо кистед?-Базӯр пичиррос зад ҷавонзан.
-Кӣ будани маро донистани ту шарт нест! Бачаҳоятро бигиру аз ин макони пурхатар бирав духтарам, шавҳарат аллакай дар роҳ аст, ҳамин замон мерасад,-Мӯйсафед инро гуфта ба китфи Зулфия се бор падарона топ-топ зад. Ба назари ҷавонзан чунин намуд, ки дастони ин пирамард аслан устухон надоранд, панҷаҳояш чунон нарм буданд, ки гумон мекардӣ пари қу аст. Вай бори дигар ба чеҳраи мӯйсафед назар андохт, аз рӯйи ин пири сафедпӯш нури аҷибе меборид. Зулфия дар сӣ соли ҳаёташ чунин одами нуронию хушсуратро бори аввал медид.
-Шумо шавҳари маро аз куҷо мешиносед?-Базӯр худро ба даст гирифта бо ҳайрат пурсид ҷавонзан.
Мӯйсафед дар ҷавоб танҳо табассум намуд ва ба сӯйи мошине, ки ҷониби пул меомад, ишора кард. Зулфия ба чизе сарфаҳм нарафта ҳайрон-ҳайрон ба мошини зебои хориҷӣ, ки бо суръати баланд меомад, чашм дӯхт.
Дидори ошно
Мошин каме дуртар аз онҳо қарор гирифт, баъд дубора қафо омад ва ронанда шишаи тирезаро поин карда, хурсандона садо кард:
-Занак, ҳанӯз чашми рӯз накафида ту дар соҳили дарё чӣ кор мекунӣ?
Зулфия шавҳараш Шарифро шинохта, якбора лолу пакар шуда монд. Шариф дарро кушода фаромад. Бачаҳо «дада, дадаҷонамон омад» гӯён, худро ба оғӯши падарашон андохтанд.
Дар чашмони Зулфия аз шодии дидор ашк ҳалқа зада, оламу одамро як лаҳза фаромӯш кард. Шариф бачаҳояшро бӯсаборон карда ба мошин шинонд, баъд аз китфи Зулфия бо меҳр оғӯш карда, дубора пурсид:
-Занакҷон, хурӯс ҷеғ назада шумоён дар ин болои кӯпрук чӣ кор мекардед?
-Як лаҳзаи дигар дер мекардӣ, дидори моро дар қиёмат медидӣ,-Бо чашмони ашкбор гуфт Зулфия ва илова кард,-Ту ба ана ин мӯйсафеди биҳиштӣ раҳмат бигӯй, ки зану фарзандонатро аз марг наҷот дод.
-Ман дар ин ҷо ба ғайр аз шумоён касеро надидаму намебинам,-ҳайрон шуд Шариф.
Зулфия дубора рӯ ҷониби пул гардонд, вале дар болои кӯпрук дар ҳақиқат касе набуд. Ҷавонзан ба ташвиш афтода тозон ба зер нигарист, ки мабодо сари мӯйсафед чарх зада ба дарё наафтида бошад, вале оби дарё низ ором буд.
-Худоё, ин пирамард якбора ба қаъри замин рафт ё ба осмон парвоз кард, охир як лаҳза пеш дар ҳамин ҷо буд-ку!-Ҳайратзада мегуфт худ ба худ Зулфия.
Руъё ё Хоҷаи Хизр?
Онҳо ба мошин нишаста ҷониби хона равон шуданд. Раҳораҳ Зулфия азобу ситами дар тӯли ин солҳо кашидаашро як ба як нақл карда гуфт, ки дигар барои аҳли оила нонхӯри зиёдатӣ шудан нахоста, қасди худкушӣ дошт, вале худованд он пири нурониро ба имдод фиристода, ҷони ваю бачаҳояшро аз панҷаи марг наҷот дод.
-Занакҷон, зиқ нашав, ман пули хуб кор карда омадам, хонаи алоҳида харида, зиндагиамонро ҷудо мекунем,-ваъда дод Шариф.
Онҳо рост ба хонаи модари Зулфия рафтанд. Ҷавонзан ҳодисаи аҷиби ин саҳар аз сар гузаронидаашро ба пайвандонаш нақл кард.
-Духтарам, худованд раҳми ҷони ҷавони ту ва фарзандонатро хӯрда, Хоҷаи Хизрро ба имдоди шумоён фиристодааст,-нақли Зулфияро бодиққат гӯш карда, хулоса баровард падараш.
Бозгашти бахт
Шариф ба хотири шири сафеди дар кӯдакӣ аз пистони модар хӯрдааш ба аёдати волидонаш рафта, ба онҳо каме пул ва туҳфаҳои гуногун бурда дод. Бо дасти пур омадани писарашро дида, кампири Ҳанифа мехост келину набераҳояшро дубора ба хонааш бар гардонад, вале Шариф розӣ нашуда гуфт:
-Очаҷон, хонаатон ба худатон насиб кунад! Ба ману бачаҳоям ба ҷуз як каф дуои сафед аз шумо дигар чизе лозим нест.
Ҳамин тавр дар бадали як ҳафта ин ҷавонмарди бо нангу ба номус аз шаҳр хонаи алоҳида харид ва зану фарзандонашро кӯчонда бурд. Акнун Зулфия ҳамроҳи шавҳару фарзандонаш ҳаёти осуда ва ширини хушбахтонаро ба сар мебарад….
АНҶОМ!