Хизмат кардан ба шавҳару хушдоман зӯроварӣ не, одоби оиладории тоҷикона аст
Пароканда шудани хонаводаҳо, махсусан ҷудошавии оилаҳои ҷавон яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Тӯли соли 2025 дар Тоҷикистон 8535 ақди никоҳ бекор карда шуда, дар натиҷа 7385 нафар кӯдакони ноболиғ дар тарбияи яке аз волидон монданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иттилоъ дода гуфт:
Ҳарчанд бекоршавии ақди никоҳ нисбат ба соли 2024 ба андозаи 567 адад кам гашта бошад ҳам, ҷудошавии оилаҳо ҳанӯз масъалаи доғ боқӣ мемонад, зеро пароканда шудани оила боиси дар тарбияи яке аз волидон, асосан модар мондани кӯдакон мегардад.
“Бисёр журналистон вақте дар бораи пошхӯрии хонаводаҳо менависанд, кӯдакони чунин оилаҳоро ятим меноманд, ки ин нодуруст аст. Онҳо ятим нестанд, вале дар тарбияи яке аз волидон мондани кӯдакон ба тарбияи ахлоқии онҳо бетаъсир намемонад. Кӯдакон ҳам ба меҳру муҳаббати падар ва ҳам ба модар ниёз доранд, бинобар ин, пошхӯрии оилаҳо хеле таассуфовар аст,”-гуфт Бунафша Файзиддинзода.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таҳаммулнопазирӣ, омода набудани ҷавонон ба оиладорӣ ва дахолат кардани хушдоман, хоҳаршӯй ва дигар аъзоёни хонаводаро ба ҳаёти оилаҳои ҷавон аз омилҳои асосии пошхӯрии оила номид, вале таъкид кард, ки хизмат кардан ба шавҳар ва хусуру хушдоман аслан зӯроварӣ набуда, балки одоби оиладорӣ ва анъанаи хоси тоҷикона мебошанд.