arzon replenishment
Хиёнати зан Самадро кушт (Қисми 3)
01.04.2022
ОИЛА
2153

Боз хиёнат…

Самад боз ҳамон марди сарватманду аз моли дунё бениёз буд, зери пояш мошини беҳтарин ва ёру дӯстонаш гирдаш парвонавор мегаштанд. Ӯ бо як дилкушодии ба худаш хос ба ҳама кӯмакашро мерасонид, волидонаш доим дуои ҷони писари ҳоҷатбарорашонро мекарданд. Самад хонаи дуошёнаи зебоеро, ки дар лаби дарёи Вахш бино ёфта буд, харидорӣ кард, соҳиби он немисе буд, ки хонаро бо тамоми нозукиҳояш бо дастони худаш сохта буд. Аммо Самад хост, ки хонаро аз нав таъмир карда, баъд ба он дарояд, бо ҳамин мақсад чанд усто киро карда овард. Вилоят низ ба хонаи нав омад, зеро Самад мехост, ки занаш ҳам раванди таъмирро назорат кунаду ҳам барои устоҳо хӯрок пазад, зеро кори худаш бисёр буд. Вилоят зани сабзинаи абрӯқаламӣ бо нозу ишваи зиёд бо сардори устоҳо гаппартоӣ мекарду дили усто-Носирро ба худ моил гардонида буд. Дар муддати як моҳ усто дили зани хӯҷаинро ёфту бо ӯ ҳамхоба шуд. Усто дар бистар чунон нағмаҳое мекард, ки ҷавонзан дар умраш надида буд, Самади бечора бехабар аз он ки ин занаш ҳам ба ӯ хиёнат мекунад, бо ӯ хеле меҳрубон буд. Байни панҷ усто танҳо Сафар, марди намозхону порсо аз сири ҳаромии Носиру зани хӯҷаин хабардор буд ва кӯмаку меҳрубониҳои Самадро нисбати ҳамкорон, алалхусус Носири ҳаромхиштак дида, қарор дод, ки ба Самад мегӯяд. Сафар ҳайрон буд, ки куҷои Носири сапалпо ба Вилоят писанд омадааст, ки вай шавҳари хушлибоси чорпаҳлӯи зебо ва сарватмандашро гӯл зада, ба ӯ хиёнат мекунад?! Пас аз он ки Самад аз хиёнати занаш огаҳӣ пайдо кард ва ӯро дар бистар бо Носир дошт, на овоз баланд карду на бад гуфт, фақат занашро аз хона ронду халос…

                               Занҷаллоб

Самад ба касе аз хиёнати занаш лаб накушод, касе ҳам аз ӯ намепурсид, ки чаро аз занат ҷудо шудӣ, зеро безурёт будани Вилоятро пайвандонаш медонистанд. Пас аз ин воқеа Самад як муддат ба як марди бадгард табдил ёфт, беҳтарин бонувонро ба дом кашида, ҳамроҳашон ишқварзӣ мекарду пас аз муддате онҳоро тарк менамуд. Дар назараш ҳама занон фоҳиша менамуданд, номаш миёни мардум Самади занҷаллоб шуда буд. Духтараш ба шавҳар баромада, соҳиби духтарча буду писараш бошад, дар донишгоҳ мехонд. Касе аз дарди дили ӯ хабар надошт, модараш холаи Олима барои бахти бади писари зебояш хун мехӯрду дилаш зардоб мегашт. “Охир, Самади ман аз чӣ кам? Хонаҳои боҳашамати зебо, қаду қомати боло ва ҳусни расои ӯро ками дар кам ҷавонмардон соҳибанду аксар духтарони хона тайёранд зани ӯ шаванд, вале Худованд бахташро сиёҳ кардааст”- шабу рӯз рӯйи ҷонамозаш гириста, нола мекард модар. Шояд дуоҳои модари зор назди Худованд мустаҷоб гаштанд, ки Самад бори саввум хонадор гашт..

                        

                                 Арӯси сари роҳ

Як бегоҳ Самад аз хонаи волидонаш ба маркази вилоят ба ҳавлии худаш раҳсипор буд, ки дар роҳ зани ҷавонеро бо фарзандаш дид. Ҳаво торик шуда истода буду мошинҳо низ кам ба назар мехӯрданд, дили раҳмини Самад ба ҳоли зан, ки дар қаду қомат ба духтараш Чеҳра хеле монанд буд, сӯхт ва мошинашро назди ҷавонзан нигоҳ дошт. Ҷавонзан раҳмат гӯён, ба мошин нишаст, “шумо куҷо равонаед” пурсид аз мусофираш Самад. “То назди бозори ноҳиявӣ” бо сари хам ҷавоб дод ҷавонзан, ки хеле зебо буд. Хомӯшии дар салони мошин ба вуҷудомадаро саволи Самад шикаст:

- Дар ин ҳавои торик боз бо кӯдаки хурд куҷо равонаед?

-Ба хонаи апаам рафта будам, язнаю апаам ҷанг карданд, ӯ апаамро “беваи хоҳарат ҳар рӯз ин ҷо хурданӣ меояд” гуфта таъна карду аз қаҳр дар ҳамин шабӣ берун баромадам, тарсидам дар роҳ мемонам, хайрият Худо шуморо овард.

-Шумо шавҳар надоред?- Боз пурсид Самад.

-Шавҳарам дар Афғонистон кор мекард, аз он ҷо ҷасадашро оварданд ва ман ба хонаи волидонам баргаштам, аз дасти янгаҳоям рӯз надорам,- гирист ҷавонзан.

-Гӯш кун, аз симоят маълум аст, ки ту хеле ҷавон, ҳамсоли духтари ман астӣ, вале агар розӣ шавӣ, туро ба занӣ мегирам, ман ҳам ту барин танҳо, духтарчаатро калон мекунем,- ногаҳон таклиф кард Самад ва ҷавонзан ҳам розӣ шуд. Онҳо рост ба хонаи падари Раъно рафтанд ва мӯйсафед бо Самад як соат сӯҳбат карда, маблағи дарознамудаи ӯро, ки қалинги ду духтари хона буданд, гирифта худи ҳамон шаб духтарашро ба дасти Самад дода фиристод…

                                 Маликаи қаср

Самади дар як шаб соҳиби зан шуда намедонист, ки ба хонааш духтари шоҳи париёнро овардааст. Раъно он қадар зебо буд, ки аз диданаш дар дили Самад ваҳм афтод. Ӯ дар торикӣ ба рӯймол печида буд ва мард ин латофатро надида буд, дили Самад аз нав ба зиндагӣ гарм шуд. Хонааш нур даровард, Раъно бар ивази соҳибҷамол будан боз чунон ба дасту панҷа буд, ки Самад назирашро надида буд. “Қасри ман маликаи худро ёфт” аз дил мегузаронид Самад, вале хешовандонаш аз ин зани гирифтаи Самад он қадар ризо набуданд.

-Ақаллан ҳамин дафъа як бо аслу насабашро нагирифтӣ, охир ҳамин бегонаҳоро аз куҷо меёбӣ,- бо дард мегуфт холаи Олима. Раъно ҳамсоли Чеҳра буд ва дар як муддати кӯтоҳ бо ӯ дугона шуд. Писари шавҳарашро низ ба хона оварда, ӯро зан дод ва дар паҳлӯяшон хонаи зебоеро бунёд карда, барояшон дод. Ин паричеҳра дар як муддати кӯтоҳ барои Самад ду писари нозанин таваллуд карда, сари шавҳарашро ба осмон расонд. Самад дар зиндагӣ танқисие надошт, зеро фарзандонаш аз занаш розӣ буданду занаш низ бо онҳо муносибати хуби хуб дошт.

                              Оташи ҷанг

Зиндагии орому осудаи Самадро оташи ҷанги шаҳрвандӣ парешон сохт, зеро ҷанговарон асосан ба мансабдорону сарватмандон қасд доштанд. Самад бо маслиҳати занаш гуреза шуда, ба хонаи волидонаш рафт ва ҳамсару фарзандонаш бошанд, дар ҳамон замони нооромӣ дар ҳавлии боҳашамати ӯ танҳо монданд. Хушбахтона, ба ноҳияи онҳо ягон гурӯҳ сар надаровард ва молу ашёи Самад бегазанд монданд, пас аз каме паст шудани оташи ҷанг мард ба хонааш баргашт. Вале акнун наметавонист, Раънои ба зиндагии серу пур омӯхтаро қаноатманд созад. Зан Самадро розӣ карда, коркобӣ баромад ва дар тарабхонае ба ҳайси ёрдамчии ошпаз кор ёфт. Акнун Самад бо фарзандон меистоду Раъно рӯз то бегоҳ кор карда, бо сумкаҳои пур аз хӯрокворӣ ба хона бармегашт, пули хуб низ меёфт. Самад аввалҳо азоб мекашид, ки аз ҳисоби занаш нон мехӯрад, вале Раъно “ҳеҷ гап не, ҳоло ҳама занон кор мекунанд” гӯён, ӯро аз азоби виҷдон раҳоӣ мебахшид. Писари калонияш хонаашро фурӯхт, ба пойтахт кӯч баст ва гоҳ-гоҳе аз ҳоли падар хабар мегирифту халос.

 

                                Марги ғурур

Раъно хеле зебо либос мепӯшиду мисли духтаракон таровату зебоӣ дошт, ин ҳусни оламсӯзи зан сардори тарабхонаро бетараф нагузошту ӯ лутфу навозишро ба ошпази зебояш арзонӣ дошт. Оқибат Раъно дасти рости хӯҷаин дар тарабхона ва ҳамбистару ҳамболини ӯ гашт. Каврак, ин марди узбактабор, Раъноро зиёд дӯст медошту намехост ӯ ба каси дигар тааллуқ дошта бошад, аз ин рӯ, таклиф кард, ки зани дуюмаш шавад. Ҷавонзан масти навозишҳои Каврак Самадро тамоман аз ёд бурд ва розигӣ дод, ӯ як рӯз баъди хӯроки шом ба Самад гуфт:

- Мардак, медонам ту ба ман хубиҳои зиёде кардаӣ, аммо ман ошиқ шудаам, барои ҳамин ҳам, биё ба хубӣ аз ҳам ҷудо мешавем. Самад ба чашмони зебо ва сарду бешарми занаш нигоҳ карда пурсид, кист ва бо ӯ будӣ? “Ӯ сарвари тарабхонаамон Каврак аст ва мо як сол инҷониб ҳамчун зану шавҳар зиндагӣ мекунем, ман ӯро дӯст медорам…” Самад аз Раънои курнамак инро ҳаргиз чашмдор набуд ва ба ин гардиши бераҳмонаи қисмат тоб наоварда, дилашро дошта, дар ҷойи нишасташ якпаҳлӯ афтид…..                                                                                                           Ҳамин тавр, Самад- марде, ки аз зан ҷуз хиёнат чизи дигаре надида буд, оламро падруд гуфт. Раъно сари тобути шавҳараш нолаҳо мекард, вале чашмашро аз анбӯҳи мардон, ки миёнашон Каврак низ буд, намеканд. Хоҳари ягонаи Самад, Рухсор медонист, ки акааш бо аҷали худаш намурдааст ва бо алам навҳа мекашид: “во акаи бадбахти ноосудаам…”

 

Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД