Писари оҳангар
Самад дар оилаи марди оҳангар чашм ба олами ҳастӣ во намуда буду нахустфарзанди волидонаш ба шумор мерафт. Дар деҳаи дурдасти кӯҳистон аёми бачагии ӯ ба солҳои вазнини ҷанги бузурги ватанӣ рост омада бошанд ҳам, он қадар азоби гуруснагӣ накашида буданд. Зеро падари ҳунармандаш Насруллоҳи-оҳангар шабу рӯз аз назди қураи оҳангарӣ дур намерафт то даҳони фарзандонаш ҷумбад. Оҳангарӣ дар он аём, яке аз касбҳои сермаҳсул ба шумор мерафт, зеро оҳангарон олоти меҳнату ашёҳои рӯзгори мардумро месохтанд. Усто-Насруллоҳ марди боинсофу сахӣ, дастурхондору сағирабон ва хеле сахтгапу ростгӯй буд. Ӯ бо меҳнати ҳалол шароити панҷ фарзанди худро муҳайё намуда, боз ба оилаҳои камбағалу сағираҳои бесоҳиб ёрмандӣ мекард. Зимистоне набуд, ки дар хонаи ӯ баробари фарзандонаш се ё чор сағира то баҳор зиндагӣ накунанд. Самад аз ҳамин гуна падар оини ҷавонмардӣ омӯхта, ба воя мерасид. Ӯ ҷавонмарди болобаланди зебо, хушандом, хушлибосу босалиқае буд, чашмони мешии зебояш ҳамеша хандида меистоданд ва дили бинандаро аз шодӣ лабрез менамуданд. Духтарони деҳа бо ҳавас ба қаду қомати зебои писари оҳангар нигариста, дар дил орзуи ҳамсари ӯ шуданро мекарданд, вале….
Замонавӣ
Хушбахтона, ҷанг ба охир расиду зиндагӣ маҷрои тоза гирифт, дар кӯҳистони дурдаст низ аҳволи мардум каме беҳ гашт. Дар ҳамин айём Самад синфи ҳафти мактаби деҳаашонро хатм намуда, ба пойтахт роҳ гирифт. Дар пойтахт бачаи деҳотӣ, ки на хеш дошту на табор каме азоб кашид, вале азбаски корчаллон буд, зуд роҳашро ёфт. Акнун дар мактаби шабона мехонду рӯзона бошад, ба корҳои гуногун машғул шуда, мояи зиндагӣ меёфт. Пас аз хатми синфи ҳашт ҳуҷҷатҳояшро ба техникуми молия супорида, донишҷӯ шуд ва пас аз тамом кардани курси якум ба деҳа ба хабаргирии волидонаш рафт. Ӯ либосҳои шинами зебо ба бар намуда, мӯяшро ба таври бачаҳои шаҳрӣ оро дода, соат баста буд, ки дар назари мардуми деҳа аҷоиб метофт. Модар аз дидани писари зебои болобаландаш ифтихор намуда, гирди сараш парвона мегашту чизе, ки дошт рӯйи дастархон мемонад. Хоҳараку додараконаш бошанд, аз ӯ чашм намеканданд, танҳо падараш аз ин навоварӣ дар сару либоси писараш норозӣ гуфт:
- Самадҷон, ин чӣ афту башара, тез мӯятро тарошу мисли одам либос пӯш!
Аммо модар бо ханда гуфт:-Монед, гаштан гирад, писарам аз шаҳр омадааст, шаҳрӣ шудааст, мӯи сараш мезебадаш.
Ҳамин тавр, дигар касе ба Самад кордор нашуду ӯ тобистони дароз духтарҳои деҳаро сӯзонида, худашро нишон дода мегашт.
Серхаридор
Самад омӯзишгоҳро хатм карду аҳли деҳаашонро аз кӯҳистон ба водӣ кӯчониданд ва онҳо муқими яке аз ноҳияҳои водии Вахш шуданд. Чун он вақтҳо кадрҳои ҷавон намерасиданд, Самад чун ҷавони маълумотдор дар заводи пахтаи ноҳия ба ҳайси муҳосиб ба кор даромад. Волидонаш зиёд мехостанд, ки Самадро хонадор карда, келин фароранд, вале ҷавон духтари дӯстдошта надошту ҳаргиз намехост зани деҳотӣ гирад. Ӯ арӯсашро дар хаёлаш бонуи зебои замонавии бе рӯймол ва соҳибҷамол медид. Директори завод зани қирғизи номдоре буд, ки ҳама ӯро ҳурмату эҳтиром мекарданд. Ӯ ҳамагӣ ду духтар дошт, ки якумашро ба шавҳар дода буду домодаш мақбулаш набуд, барои дуюмӣ Насибахони таннозаш бошад, домоди мувофиқ меҷуст. Бо дидани Самади қоматбаланди зебо, Саодатхон худ ба худ гуфт: “Ана домоди ман!” Аз ҳамон рӯз эътиборан Саодатхон ба Самад меҳрубониро арзонӣ медошт, дар муддати шаш моҳ ӯро ба вазифаи ҷонишинаш боло бардошт. Зан бисёр мехост, ки Самад худаш Насибаро дӯст дорад, аз ин рӯ, бо ҳар баҳона ҷавонро ба хонааш мефиристонд. Самад аз нигоҳи аввал Насибаи соҳибҷамоли мавзунқоматро дӯст дошта бошад ҳам, ҷуръати изҳори ишқ кардан надошт, зеро инро чун кӯрнамакӣ ба некиҳи кардаи сардор-бонуяш медонист.
Эркача
Насиба духтари эркаю азизи модараш буду дар хона ба ягон кор даст намезад, ҳамеша либосҳои зебою ҷавоҳироти қимматбаҳо ба бар карда, бо дугонаҳояш ба сайру гашт мерафт. Корҳои хонаашонро зану духтарони тағояш, ки дар ҳамсоягиашон зиста, бо ёрии модараш зиндагӣ мекарданд, ба анҷом мерасониданд. Насиба ҳабдаҳ сол дошту дар синфи даҳум мехонд, вале хушдоронаш аз мӯи сараш зиёд буданд. Дили нозукандоми лоларухсорро бошад, кайҳо ҷонишини ҷавони модараш рабуда буд. Модараш низ ҳамеша назди духтараш ҷонишинашро таъриф карда, бо ин гуфта меистод, ки агар ту дилашро ёбӣ, домоди хуб мешавад. Як бегоҳӣ Самад бо фармоиши Саодатхон ба ҳавлии ӯ як халта картошка овард, ӯро дами дар Насибаи товусхиром пешвоз гирифт. Духтар мӯйҳои дарози хурмоирангашро майда бофта, ба пушташ партофта буд, ки мисли обшорон метофт, куртаи пар-паргиребони аз шоҳии кабуди обӣ духта ба чашмони кабудаш ҳамранг афтода, ӯро чунон дилрабо нишон медод, ки ногуфтанӣ. Самад халтаи картошкаро аз дарвоза дароварда, эҳсос кард, ки Насиба ба ӯ чизе гуфтанӣ аст ва ба ӯ нигарист.
-Самад-ака, аз марказ артистҳо омадаанд, модарам ду билет оварданд, аммо дугонаам бемор шуда намеравад, шумо лутф карда, маро ҳамроҳӣ намекунед,- бо илтиҷо гардани зебояшро каҷ карда, илтимос кард Насиба. Самад забонаш гирифта гуфт:
-Ба ҷонам, Насибахон, вале модаратон чӣ мегӯянд?
-И-и, модарам раҳмат мегӯянд, хурсанд мешаванд,- бо хандаи зебо ҷавоб дод духтар.
Он шаб пас аз консерт Самаду Насиба зери чароғҳои фурӯзон дар маркази ноҳия хеле сайр карданд, духтар худашро ба Самад ҷафс карда, дасташро сар намедод. Дили ҷавон дар қафаси сина метапид, бӯйи атри фаронсавии тани Насиба сари ҷавонро мечархонд. Чун онҳо ба хона расиданд, Саодатхон ба Самад миннатдорӣ баён намуда, ӯро сари миз даъват намуд. Сардору ҷонишин то дер чой нӯшида, сӯҳбат карданд. Дар рафти сӯҳбат Самад бо як азоб сурхидаю шармида дар бораи Насиба гап сар карда, дасти ӯро аз модараш пурсид. Саодатхон аз шодии ба мақсад расиданаш сараш ба осмон расида бошад ҳам, худашро андешаманд нишон дода гуфт:
-Самадҷон, хостгоронатонро равон кунед, он тарафашро фикр мекунем…
Давом дорад