ХИЁНАТ
(Давоми қисса)
- Фирӯза!
- Лаббай.
- Либосатро ғавс кун, ҳаво хунук аст, - ғамхориву меҳрубонӣ мекард Фаррух.
Фирӯза ҳам дар навбати худ ба Фаррух дилсӯзӣ мекарду суханони пурмуҳаббат мегуфт, вале дар қаъри дил нисбат ба шавҳараш ягон зарра меҳру муҳаббат надшт. Дили ӯ ҳамоно бо ёди ишқи айёми ҷавниша гуммезад, вале модараш пеш аз тӯй телефони Фирӯзаро аз аз дасташ гирифта буд ва ӯ дигар наметавонст ба дӯстдоштааш занг занад...
хххххххххххххх
Аллакай ба тӯйи Фарруху Фирӯза ду моҳ гузашта бошад ҳам, арӯсак дар ин хонадон дилтанг мешуд. Ӯ бо ҳарфҳои ширин аз шавҳараш Фаррух хоҳиш мекард, ки барояш телефон харида диҳад, вале Фаррух имрӯзу пагоҳ гуфта, ин корро кашол медод. Вақте ки Фирӯза боз дар боби телефон гап кушод, шавҳараш бо табассум гуфт:
-Ҷонам, телефони ман ҳаст-ку, дилхоҳ маврид истифода бар!
Фирӯза ранҷида абрӯ чин карду пичиррос зад:
-Наход ман ба як телефон наарзам, охир аз саҳар то шом дар хона нишаста дилтангу дилгир мешавам!
-Ҳамин ки вақти холӣ ёфтӣ, китоб хон, омӯз,-маслиҳат дод Фаррух.
-Бе телефон намешавад! Бо воситаи телефон дастрас кардани китобҳои нав ҳам осон ҳам хушоянд аст,-ҳозирҷавобӣ намуд Фирӯза.
Майлаш, фикр мекунам,- ваъжда дод Фаррух.
Ҷавон ба андеша фурӯ рафта, дар боби хизматҳои Фирӯзаро ба падару модараш ва ширинзабониву мулоиматии завҷааш хеле фикр кард ва ба хулосае омад, ки барои вай як телефони замонавӣ харида медиҳад.
ххххххххххххххххх
Рӯзи дигар Фаррух аз кор омада рост назди завҷааш Фирӯза рафта ва асрромез гуфт:
- Чашмонатро пӯш.
- Хуб.
-Акнун чашмонатро кушо! Ин ба ту - хурсандона гуфт Фаррух. Фирӯза бо дидани тӯҳфае, ки чанд рӯз боз интизораш буд, қариб буд шодикаф шавад. Ӯ аз хурсандии зиёд “ман туро дӯст медорам Фаррух” –гӯён, худро ба оғӯши шавҳараш партофт.
Фаррух калимаи "дӯст медорам" - ро бори нахуст аз забони завҷааш Фирӯза шунид ва қалбаш лабрези фараҳ гашт. Вай бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат ба рӯйи завҷааш бо табассум менигарист, аммо…
хххххххххххххххх
Рафтору кирдори Фирӯза баъди гирифтани телефон дигар шудан гирифт. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро боз кард. Ҳарчанд аз корҳои Фирӯза Фаррух асабонӣ мешуд, аммо, он меҳру муҳаббат ва боварие, ки нисбати ҳамсараш дошт, ӯро аз фикрҳои бад дур мекард.
Рӯзе Фирӯза аз шабакаи интернетӣ саҳифаи Нурддинро, ки замоне ошиқи печонаш буд, ёфту ба навиштани паёмак даромад.
- Салом.
- Салом. Кӣ шумо, нашинохтам?
- Наход маро нашиносед?
- Фирӯза туӣ?
- Не.
- Фиреб надеҳ, Фирӯза ту ҳасти - ку.
- Ассалом Нурдин, хуб ҳастед.
- Раҳмат. Хайр, канӣ гап зан, чӣ ҳол дорӣ? Чанд вақт шуд камнамоӣ. А – гуфтагӣ барин, тӯй доштӣ-а?
- Мутаассифона ҳа!
- Чаро мутаассифона будааст?
- Ман ӯро дӯст намедорам.
- Шавҳарат дар хона аст?
- Не, кор рафтааст!
Ҳм… Ягон навигарӣ нест?
- Не, ҳоло нест...
Бо ҳамин боз муносибати ошиқонаи Нурдину Фирӯза оғоз гашт. Фаррух рӯзи дароз дар кор буду аз найрангҳои Фирӯза хабар надошт. Зеро арӯсаки айёр баробари омодани шавҳараш мисли буқаламун тағйир ёфта ба вай меҳрубониҳои зиёди сохта мекард, амм ҳамин ки шавҳараш ба кор мерафт, боз дар аҳри ишқи Нуриддин ғӯтта зада, соатҳо бо ӯ чақ-чақ мекард.
- Салом Фирӯза, хуб ҳастӣ?
- Салом Нурдин ,шукр, раҳмат.
- Чӣ шуд, тинҷӣ аст?
- Чанд рӯз мешавад, ки сарам сахт дард мекунаду тоб мехӯрад.
- Духтур нарафтӣ, шояд ягон навгонӣ бошад?
- Ростӣ намедонам.
- Фирӯза сурататро фирист.
- Не наметавонам. Он сурате, ки ба Шумо фиристода будам, аз они худам набуд.
- Ман медонистам, ки сурат аз они ту набуд. Ҳоло аз худатро фирист.
Фирӯзаи хомхаёл оқибати корро андеша накарда, суратҳои ҳамроҳи шавҳараш гирифтаашр ба Нуриддин равон кард. Ҳамин замон шарфаи пои Фаррух ба гӯши Фирӯза расид ва осемасар ба Нурдин "хайр, хайр, то вақте, ки худам ба Шумо нанависам, чизе нанафиристед" - гӯён аз чат баромад...
(Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев
(Тарҷума аз ӯзбекӣ)