Arzon march 2024
Хиёнат (қисми 3)
3206

Давомаш ...

Сайёра саҳарии барвақт аз хоб хестқ ба корҳои модараш дар тайёр кардани наҳорӣ ёрӣ расонид ва баъд либосҳояшро пӯшида ба мактаб равон шуд. Мехост ҳарчӣ тезтар ҷавоби мактубашро ба Ҷовид диҳад.

Духтарак дар саҳни мактаб Ҷовидро дид, ки ба ӯ нигоҳ мекунад. Дар рӯи ҳавлӣ хонандагони бисёр буданд, бинобар ин Сайёра ба сӯи нигоҳкунон тарафи сӯи китобхона равон шуд. Ҷовид инро пайхас карда, ба китобхона рафт. Дар дохили китобхона Сайёра танҳо буд. Ӯ дар мизе нишаст сумкаашро мекофт. Ҷовид рафта дар паҳлӯяш нишаст. Духтар фурсатро қуллай ёфта, дафтарро баргардонд. Баъди ин аз китобхона баромада, рост ба синфашон рафт.

Ҷовид мактубро аз даруни дафтар гирифта, ба бнрун баромад. Ӯ ба пушти бинои китобхона рафта, варақро хонд, вале ҳеҷ бовар карда наметавонист, ки Сайёра ин қадар тез ба ў ҷавоби мусбат медиҳад. Ин ҷасорат ӯро боз ҳам ошиқтар намуд.

Ҷовид аз шодии зиёд чӣ кор карданашро надониста, ба тарафи варзишгоҳ равон шуд, вале муаллими таърих ӯро ҷеғ зада, аз роҳ гардонид. Ӯ ба пеши муаллим омада, салом дод. Устод бо муллоимӣ пурсид: - Ҳа Ҷовид, занг шудааст, аммо ту чаро ба дарс надаромадаӣ? Рафта истодаам, устод, - гуфта, ӯ тез - тез ба сӯи синфашон рафт. Бисёр мехост, ки ҳарчӣ тезтар дарсҳо тамом шаваду ӯ рӯ ба рӯ бо Сайёрааш гуфтугӯ кунад. Бо ин роҳ исбот кардан мехост, ки воқеан писар ошиқи пок аст ва хушбахтии духтарро мехоҳад. Аммо танаффус ҳам шуду духтарак набаромад. Дарсҳои Ҷовид тамом шуданд ва ӯ ба хонаашон омад. Сумкаашро ба кунҷе монда, ба кӯча баромад ва интизори омадани Сайёра истод. Духтарак дер мекард. Ӯ дар вуҷудаш гуруснагӣ эҳсос карда, ба хонаашон баргашт.

Баъди хӯрок хӯрдан каме дарс тайёр карда, дубора ба кӯча баромад, зеро медонист, ки дӯстдоштааш дар ин вақт барои бурдани об меояд. Ниҳоят фурсати муносиб ҳам фаро расид Сайёра сатилҳо дар даст ба лаби чашма барои гирифтани об омад. Ҷовид ҳар қадами ӯро назорат мекард. Намехост касе аз ин муносибаташон огоҳ шаваду духтарак таги гап монад. Бо тарсу ҳарос ба лаби чашма омад ва оҳиста “салом Саёра” гуфт. Духтар аввал шарм кард, аммо баъд худашро ба даст гирифта, ҷавоби салом дод. Ҷовид ҳар он чизеро, ки дар дилаш буд, ба Сайёра гуфт. Дар охир илова кард, ки ўро аз ҷонаш зиёдтар дўст медорад.

Сайёра гапҳои Ҷовидро гӯш карда, ягон сухан наёфт, ки ҷавоб диҳад. Сатилҳояшро гирифту “хайр, ман рафтам” гуфт.

- Саёра, пеш аз рафтан ягон сухане гуй, то дилам ором шавад.

- Ҳар он чизе, ки шумо ба ман гуфтед, даҳ баробарашро шунавед. Зиёдтар аз ин шуморо дӯст медорам, - гуфт ва ба сӯи хонаашон равон шуд. Баъди ин мулоқот онҳо дигар ҳар рӯз вомехӯрданд. Гоҳ дар мактабу гоҳ дар роҳ ва гоҳи дигар дар кӯча.

Ҷовид синфи 11 - ро хатм намуду ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида, соҳиби номи пурифтихори донишҷў гардид. Ӯ ҳар рўзи якшанбе ба хонаашон омада, аз аҳволи Сайёра бохабар мешуд.

Дар як вохӯриашон Ҷовид ба Сайёра “Мехоҳам ту ҳарчӣ тезтар мактабро тамом куниву ҳамроҳам ба Душанбе барамат” гуфт. Сайёра баъди шунидани ин суханҳо аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, зеро мехост ҳамеша дар бари Ҷовидаш бошад.

Баъди супоридани имтиҳонҳои хатми мактабӣ Сайёра аз падараш хоҳиш намуд, ки ба ў иҷозат диҳад, то таҳсилашро дар Душанбе идома диҳад, вале падараш ба ў иҷозат надод. Духтар ҳарчанд зораву илтиҷо намуд, вале падараш дар охир ба ӯ гуфт, ки “духтарро чию хонданаш чӣ? Ба ҳеҷ куҷо намеравӣ”. Хуллас, ба Сайёра иҷозат надоданд, ки таҳсилашро давом диҳад.

Баъди хатми мактаб ба духтар аз ҳар тараф хостгорҳо омадан гирифтанд, вале Сайёра ишқи касеро қабул намекарду дӯстдорашро интизор буд.

Таътили тобистона ҳам тамом шуд. Ҷовид пеш аз рафтан аз амаки Солеҳ ва модараш хоҳиш кард, ки ба хонаи Сайёраино ба хостгорӣ раванд. Баъди рафтани писарашон ба шаҳр амаки Солеҳ ҳамроҳи модари Ҷовид маслиҳат карда, ба хонаи келиншаванда рафтанд. Вақте амаки Салеҳ ба падари духтар аз боби хостгорӣ сухан кушод, ҳамсоя ҷавоб дод: “писари шумо ҳоло донишҷӯ аст ва ҳанӯз хизмати Ватанро адо накардааст. Ҳар касе хизмати ватанро накарда бошад, аз зиндагӣ чизе намедонад. Ҷовид аввал рафта хизмат кунад, баъд а дари хонаи мо биёяд”.

Вақте Ҷовид як рӯзи якшанбе барои хабаргирӣ ба хонаашон омаду ин хабарро ба ӯ расониданд, дилшакаста шуда, чӣ кор карданашро намедонист. Ба сараш ҳар хел фикрҳо меомад. Дар ниҳоят ӯ ба хулосае омад ва ба касе чизе нагуфта, рост ба Комиссиариати ҳарбии ноҳия омада ариза навишт, то ки ӯро ба хизмати Модар - Ватан гиранд.

Ҷовидро ба сафи артиш гирифтанд. Ӯ рӯзи рафтанаш бо ҳама хайру хуш карду аз Сайёра хост, ки то омаданаш ӯро интизор шавад.

Баъди 4 рӯзи даъват Ҷовиду чанд сарбози дигарро ба қисми ҳарбие, ки дар шаҳри Братски вилояти Иркутск буд, оварданд. Ӯ аз ин ҷо ҳар ҳафта ба хонаашон мактуб навишта, падару модарашро аз аҳволи худ хабардор мекард. Мактубҳоеро, ки барои Сайёра менавишт, ба номи хоҳараш мефиристод, то ки ба ў расонад. Духтар низ ҷавоби мактубҳоро ба дасти хоҳари Ҷовид медод, ки ба ӯ равон кунад. Ҳамин тавр, Ҷовид ва Сайёра ба воситаи мактуб аз ҳоли ҳамдигар бохабар мешуданд.

Баъди 8 моҳ гузаштан аз хизмати Ҷовид падари Сайёра духтарашро маҷбуран ба хостгорҳое, ки аз ҳамсоядеҳаашон омада буданд, номзад кард. Ҳарчанд Сайёра ду пояшро ба як мӯза андохта, “ман ӯро намегирам” мегуфт, вале падараш “агар гапамро нагирӣ, аз хона баромада рав” гуфта, духтаракро маҷбур мекард. Сайёраи бечора чора мекофту илоҷ.

Давом дорад ...

P. S: Идомаашро пагоҳ соати 21:00 мутолиа намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД