Formula novemver 2024
Хиёнат (қисми 2)
3834

Давомаш...

Субҳ. Ҷовид бо дилу иродаи қавӣ ба мактаб омад. Баъди тамом шудани дарси дуюм бо ҳазор умед аз синфашон баромад. Мехост, ки ақаллан як бор Сайёраро бинаду дарди дилашро ба ӯ гӯяд.

Умедаш ҳосил шуд. Ҷовид дид, ки Сайёра ба тарафи ӯ нигоҳ мекунад. Шармида – шармида рафту “салом Сайёрахон” гуфт. Дигар сухане ба забонаш намеомад. Духтарак ҳам “салом” гуфт. Ҳамин лаҳза садои занги мактаб баланд шуду духтар ба сӯи синфашон рафт.

Баъд аз рафтани ӯ Ҷовид худро сарзаниш кард, ки чаро дарди дилашро ба Сайёра гуфта натавонист. Ӯ бо як азоб дарсҳояшро хонда тамом карду ба хонаашон рафт. Расидан баробар қаламу қоғазро гирифту дарди дилашро рӯи варақ навист. Хост, ки субҳи барвақт онро бурда, ба маҳбуби дилаш диҳад. Бо ҳамин фикр ба навиштан сар кард. Авалин чизе, ки ба ёдаш расид, ҳамин рубои халқӣ буд:

Шабе аз сӯзи дил гуфтам қаламро,

Биё таҳлил бикун дарди диламро.

Қалам гуфто: “бирав, бечора ошиқ,

Надорам тоқати ингуна ғамро”.

Ошиқи бечора дигар чӣ навиштанашро намедонист. Ками дигар фикр карду ба навиштан даромад.

Салому сад салом бар ту Сайёра.

Дӯст медорам ба ҷону дил шумора.

Ба ёди ту намеояд маро хоб,

Дилам аз ишқи ту гашт пора - пора. 

“Бори дигар саломи худро тариқи ин варақи безабон ба ту арз медорам. Сайёрахон аз он рўзе, ки барфпора ба Шумо расид, на шаб хоб дораму на рӯз. Фақат фикру хаёлам ба ту банд аст. Аввал худамро сарзаниш мекардам, ки чӣ гуна барфпора ба ту расид, вале баъдан шукрона мекардам, ки Худованд он кулулаи барфро маҳз ба ту расонд ва ин сабаб шуд, ки маро ошиқи зори ту намояд. Сайёрабону, меҳру муҳаббати туро дар дилам ҷо карда, ҳамеша дар фикри зулфони печон, чашмони сиёҳ ва таббасуми ширини туам. Маҳз ҳамин зебоии ту маро ошиқи шайдоят кард. Ҳамеша симои зебои ту дар пеши назарам ҷилвагар аст. Туро зеботарини зеботаринҳо меҳисобам. Мехоҳам ҳамеша дар барам бошӣ. Дарди диламро танҳо ту даво бахшида метавонӣ. Маро фаҳм. Беандоза дӯстат медорам!”.

Ҷовид баъди навиштани ин сатрҳо боз ками дигар фикр карду рубоиеро бо мазмуни зайл дар поёнаш навишт.

Қасам бар номи он Раҳомон, туро ман дӯст медорам,

Қасам бар номи чор ёрон, туро ман дӯст медорам.

Агар оянд талабгорон барои ту биронамшон,

Биронам ман талабгорон, туро ман дӯст медорам.

Ҷовид бори дигар навиштаҳояшро хонду баъд варақро дуқат кард ва онро дар мобайни дафтараш монд. Рўзи дигар ӯ фикркунон ба мактаб рафт. Нигоҳаш ба ҳар тараф равон буд. Мехост, ки ҳарчӣ тезтар Сайёраро бинад. Ӯ ҳангоми аз синфкабинети физика баромадан Сайёраро дид ва бо дилу иродаи қавӣ ба наздаш рафту салом дод. Ӯ дафтареро, ки дар мобайнаш мактуб ҷойгир буд, ба Сайёра дароз кард ва илтимос намуд, ки як бор онро гирифта хонад. 

Сайёра табассумкунон дафтарро гирифту ба сумкааш андохт ва ба синфаш даромада рафт. Духтарак мехост ҳарчӣ тезтар ба синф дарояду дафтарро кушода бинад, вале метарсид, ки мабодо касе аз ин бохабар шуда, ин корашро ба падару модараш гӯяд.

Сайёра дарсҳояшро тамом карда, рост ба хонаашон омада. Либосҳояшро иваз карду хӯрок нахӯрда, аз сумкааш дафтарро баровард. Дафтарро ба ин тарафу он тараф афшонд, ки аз байни он мактуб афтид. Дхтарак мактубро гирифта, ба хондан сар кард. Онро то охирин ҳарфаш хонду баъд бо ҳарду даст макту ба болои сандуқи дилаш монд. Дар ин лаҳзаҳо Сайёра худро хушбахттарин фарди олам меҳисобид, чунки ӯ низ аз рӯзи аввал ошиқи Ҷовид гашта буд. Вале инро ба касе гуфта наметавонист, чунки ӯ аз ҷинси зан аст ва инро хоси духтарон намедонист.

Аз он рӯзе, ки кулулаи барф ба ӯ расида буд, дарун ба дарун месӯхт ва имрӯз баъди хондани ин мактуб дардеро дар худаш ҳис накард. Чунки Ҷовид ба дарди ў даво бахшид. Духтар бори дигар мактубро бӯсиду ба сумкааш андохт ва барои хӯрдани хӯрок ба берун баромад. Аз хурсандӣ намедонист, ки чӣ кор кунад. Мехост ҳарчӣ тезтар шаб шаваду ба мактуби дӯстдоштааш ҷавоб нависад.

Ниҳоят шаб ҳам фаро расид. Сайёра варақи сафедеро бароварда, чунин сатроҳоро дар он дарҷ кард. «Пораи барфе, ки ба дили ман зад, тири ишқ буд. Маҳз ҳамин тир меҳру муҳаббати туро дар дили кӯчаки ман ҷой кард ва оташи ишқатро дар қалбам афрӯхт. Ин оташи ишқ рўзу шаб вуҷуди маро месӯзаду дарун ба дарун мисли шамъ об мекунад.

Манам Лайливу Муҷнунам ту бошӣ,

Манам Ширину Фарҳодам ту бошӣ.

Зулайхояму ошиқи Юсуф ман,

Сайёраам Ҷовидам ту бошӣ.

Бо эҳтиром Сайёраи шумо».

Сайёра мактубро дар мобайни дафтар гузошту ба ҷои хобаш даромад. Бисёр мехост тез рӯз шавад ӯ фариштаи орзуҳояшро бинад. Дилаш тез – тез метаппид. Хаёлҳо дунболагираш буданд. Ҳамин тавр, нафаҳмида монд, ки чигуна хобаш бурда мондааст.

Давом дорад ...

P. S: Идомаашро пагоҳ соати 21:00 мутолиа намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД