Хазони ишқ
150

Салим ҷавони боадаб ва андаке камгап буд. Ӯ дар мактаб ба Сарвиноз, ки беҳтарин духтари деҳа ҳисоб мешуд, дил дода буд.

​Ишқи аввал мисли борони навбаҳор аст; нармакак меборад, аммо решаҳои дарахти дилро то абад сероб мекунад.

​Салим ҷуръат намекард, ки ба Сарвиноз гап занад. Танҳо дар роҳи мактаб, вақте ки Сарвиноз бо дугонаҳояш мегузашт, Салим канор меистод ва бо нигоҳе, ки ҳазору як роз дошт, ба ӯ менигарист.

Сарвиноз ҳам инро ҳис мекард ва рӯймоли шоҳиашро ба пешониаш кашида, оҳиста табассум мекард.

​Рӯзе Салим таваккал кард. Ӯ дар байни саҳифаҳои китоби “Адабиёт”-и Сарвиноз, ки дар рӯйи миз монда буд, як гулдастаи кӯчаки гули сияҳгӯш ва як порча коғаз гузошт. Дар он танҳо як байт навишта шуда буд:

Гули наврӯз овардам бароят,

Ки шояд бӯйи ишқам бар ту ояд.

​Сарвиноз номаро ёфт. Дили кӯчакаш мисли гунҷишки тарсида тапид. Ӯ ҳам дар ҷавоб дар як гӯшаи коғаз навишт: Ман ҳам интизор будам.

Падари Сарвиноз, ки ниҳоят марди сахтгир буд, духтарашро ба як марди сарватманди шаҳрӣ фотиҳа кард. Салим ин хабарро шунида, гӯё дунё дар сараш чаппа шуд. Ӯ худ ба худ роз мегуфт:

- Эҳ, фалак, чаро касе, ки дил дорад, пул надорад ва касе, ки пул дорад, дил надорад?

​Рӯзи тӯйи Сарвиноз омад. Садои карнаю сурнай мисли неши мор ба дили Салим мезад. Сарвинозро дар дохили мошини арӯсӣ мебурданд. Ӯ аз тирезаи мошин ба сӯйи хонаи Салимино нигарист. Ӯ дар пеши ҳавлиашон танҳо истода буд, бо чашмони ашкбор. Гӯё мегуфт:

Зиндагӣ бувад хато,

Мову ту гардем ҷудо...

Як қатра ашк аз чашми арӯс ба рӯйи рӯймоли сапеди арӯсиаш чакид.

Солҳо гузаштанд. Салим дигар зан нагирифт. Ӯ дар мактаби деҳа муаллим шуд. Рӯзе ба ӯ хабар оварданд, ки Сарвиноз сахт бемор шудааст ва ба деҳа, ба хонаи падараш баргаштааст. Чунки шавҳараш гуфтааст, ки “ба ман зани касалӣ дигар даркор нест”.

Салим бо апааш ба хабаргирии ӯ рафт. ​Сарвиноз дар рӯйи бистар буд, аммо ҳанӯз ҳам ҳамон чашмони сиёҳи зебояш таровати худро гум накарда буданд. Ӯ аз зери болишташ ҳамон китоби кӯҳнаи мактабиро баровард. Дар байни саҳифаҳои он ҳамон гули сияҳгӯши Салим буд, хушкида, беранг, аммо ҳанӯз ҳам азиз.

- Салимҷон,- гуфт Сарвиноз бо овози хаста.- Ман ин гулро тамоми умр нигоҳ доштам. Дар шаҳр қаср доштам, тило доштам, аммо ба бӯйи ҳамин гули хушкидаи ту зор будам. Маро бубахш, ки вафо накардам.

Салим гуфт:

- Сарвиноз, ба ту шифои комил мехоҳам. Диле, ки дӯст медорад, ҳаргиз бад дида наметавонад.

​Сарвиноз ҳамон шаб дар оғӯши хотираҳои баҳории худ ҷон дод.

​Ишқи ҳақиқӣ мисли гули хушкида дар байни китоб аст. Шояд дигар ранг надошта бошад, шояд бӯяш кам шуда бошад, аммо вақте китобро мекушоӣ, тамоми хотираҳои ҷавонӣ мисли насими саҳар дубора зинда мешаванд.

Салим то охири умр муаллими танҳо монд, вале дар дилаш ҳамеша як муҳаббат буд.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД