Ҷамъоварии маблағ барои табобати Сулаймони хурдакак ба охир расид. Дар ин бора худи волидони Сулаймон Раҳимов дар саҳифаи Инстаграм хабар додаанд.
“Бо инояти худованд билохира дуои мо мустаҷоб гашт ва ниҳоят метавонем ба шумо ин хушхабарро расонем, ки ҷамъоварии маблағ барои табобати Сулаймонҷони хурдакак ба охир расид. Акнун мо ба мӯъҷиза бовар мекунем, зеро як фариштаи накӯкор аз Русия барои табобати Сулаймон ба фонди @ludimayaki якбора 18 970 000 рубли русӣ гузаронда, нахост номашро ифшо намоем.
Барои он ки дар чунин рӯзҳои сахту душвор ба мо бовар карда, моро дастгирӣ намуданд, ба тамоми одамони мӯъҷизакоре, ки кӯмаки худро аз Сулаймон дареғ надоштанд, сипоси бепоён арз мекунем.
Ташаккури зиёд ба фондҳои @rukadobroty ва @ludimayaki, ба @nigmatovmansur ,бо шумо кори номумкин имконпазир мегардад. Миннатдории худро ба тамоми афроде, ки саҳми худро дар ин кори хайр гузоштанд, мерасонем. Ин мӯъҷиза бо шарофати дастгирии молиявӣ ва дуои неки ҳар яки шумо рӯй дод”-омадааст дар сипосномаи волидони Сулаймон.
Ёдрас мешавем, ки Сулаймон ба бемории нодири генетикӣ гирифтор буда, барои табобати ӯ беш аз як миллион доллари амрикоӣ зарур буд. Ниҳоят ин маблағ ҷамъ шудааст ва умедворем, ки ин тифли маъсум шифо ёфта, умри дарози пурбаракат мебинад.