arzon replenishment
Хайри иҷоранишин қабул мешавад?
10.02.2022
Оила
1702

Ман як зани танҳо ҳастам. Хонаву дар надрам ва бо ду фарзандам иҷора мешинам, вале баъзан дилам ба ҳоли гадоён сӯхта, 10-20 сомонӣ медиҳам. Модарам мегӯянд, ки ту хона надорӣ, хайрат қабул намешавад. Дар ҳақиқат хайри маро худованд қабул намекунад?
Салима, н. Ҳисор

Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш

Аслан аз нигоҳи дини мубини ислом хайр кардан дар гардани шумо қарз нест, чунки зани танҳо ва бар замми ин, бе хонаву дар будаед, вале касеро, ки мехоҳад хайр кунад, аз ин кри савоб манъ кардан ҳам нодуруст аст. Ҳар хайре, ки одам бо нияти соф мекунад, Худованди меҳрубон албатта онро қабул мекунад ва бандаи саховатпешаашро аз савобу файзу баракаташ бенасиб намемонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД