Хатсайри нави автобус миёни
Тоҷикистону Узбекистон
Акнун ҳар рӯз аз шаҳри Олмалиқи вилояти Тошканди Узбекистон ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон автобус равуо хоҳад кард.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, хатсайри нав аз ҷониби ширкати "Olmaliq Isuzu Trans"-и Узбекистон дар ҳамкорӣ бо ширкати "Khujand Trans Service" ташкил карда шудааст ва дар асоси шартнома амал мекунад.
Қайд карда шуд, ки аз Олмалиқ автобус соати 7:00-и субҳ ба роҳ мебарояд.Нархи роҳкиро 60 ҳазор сӯми ӯзбекӣ (50 сомонии тоҷикӣ) – ро ташкил медиҳад. Автобуси бозгашт аз Хуҷанд рӯзи дигар соати 10:00 ҳаракат мекунад ва соати 15:00 ба Олмалик мерасад.