Нимаи дуюми рӯзи 16-уми март ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ҳавопаймои ширкати "Асман Эйрлайнс"-и Қирғизистон фуруд омад ва хатсайри Бишкек-Хуҷанд-Бишкек фаъол шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳайати нахустини мусофиронро, ки иборат аз намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО), блогнависон ва шахсони расмӣ буданд, роҳбарияти вилоят дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо самимият истиқбол гирифтанд.
- Боздиди меҳмонон аз худи фурудгоҳ оғоз ёфт. Сипас, меҳмонон аз осоишгоҳи машҳури "Баҳористон", воқеъ дар соҳили Баҳри тоҷик, дидан намуданд. Онҳо бо инфрасохтори осоишгоҳ, шароити мавҷуда ва табиати нотакрори соҳили баҳр шинос шуданд. Сафари ҳайат идома ёфта, меҳмонон ба яке аз муҳимтарин ёдгориҳои таърихии вилояти Суғд – Қалъаи Хуҷанд ташриф оварданд. Баъдан, меҳмонон ба Қасри таърихии Арбоб ташриф оварда, аз толорҳои таърихӣ, боғи зебои шафати қаср боздид намуданд,- меафзояд манбаъ.