Салом ба кулли хонандагони сомонаи Oila.tj! Ман як ҷавондухтар аз шаҳри Хуҷанд, мехоҳам ба духтарон як тавсия диҳам.
Дар давраи нав донишҷӯ шуданам бо як ҷавони соҳибкор ошно шудам. Аввал ҳамчун дӯст будем, баъди чанд рӯз гуфт, ки ту ба ман хеле писанд ҳастӣ, биё арӯсам шав, вале қабул накардам. Ҷавон дар наздам шарт гузошт, ки агар ишқамро қабул накунӣ ҳам, ман туро раҳо намесозам.
Хулоса, рақами телефонамро медонист ва баъзан 1000-1200 сомонӣ маблағ мегузаронд. Мани сода ҷавонӣ карда, барои пул бо ӯ гап задам. Баъди як соли муносибатамон рафтору кирдораш дигар шуд, ҳамеша даъват мекард, ки бо ӯ ба ягон меҳмонхона ё истироҳатгоҳ равам, аммо нияти бади ӯро пай бурда, худамро дур мегирифтам.
Баъдан оиладор шудам. Гумон доштам, ки дигар ҳаргиз намебинем, аммо ошиқи хира рӯзе ба ман занг зада, таҳдид кард, ки агар пулҳои сарф кардаашро барнагардонам, ҳамаашро ба шавҳарам мегӯяд. Барои оилаам вайрон нашудан тиловориамро фурӯхта, маблағашро баргардондам ва базӯр аз доми найрангу фиреби ӯ халос шудам.
Ба дигар духтарон тавсия медиҳам, ки барои пулу дороӣ шуда бо ягон бача муносибат накунанд, зеро оқибати хуб надорад.
Т. И.