35 years of independency
Хатнаи хонагӣ ҳаёти як писарбачаро сӯхт
08.11.2026
Оила
55

Хатнаи хонагӣ ҳаёти як писарбачаро сӯхт
 
Дар шаҳри Новокузнетски Русия амалиёти хатна дар шароити хона бо оқибатҳои вазнин анҷом ёфт. Дар пайи хатогии эҳтимолии табиб кӯдак ба сирояти хун гирифтор шуда, барои наҷоти ҷони ӯ табибон маҷбур шудаанд узви мардонаи ӯро бурида партоянд.
 
Фоҷиа
Бино ба иттилои Telegram-канали «Baza,», хонавода барои анҷом додани амалиёти хатнаи писари хурдсолашон ба табиби шинос - Бахтиёр Ш.-и 36-сола муроҷиат кардаанд. Ӯ дар яке аз дармонгоҳҳои маҳаллӣ ба ҳайси уролог фаъолият дошта, ба гуфтаи наздикони кӯдак, ҳамчун мутахассиси ботаҷриба ва хушмуомила шинохта мешудааст.
Аммо амалиёт, ки мебоист дар шароити хона анҷом дода мешуд, ба ҳодисаи вазнин табдил ёфтааст. Тибқи маълумоти аввалия, кӯдак гирифтори беморие будааст, ки табиб ҳангоми анҷом додани амалиёт онро ба назар нагирифтааст. Дар натиҷа, дар организми кӯдак сирояти хун оғоз шуда, вазъи саломатии ӯ бад шудааст.
Кӯдакро фавран ба беморхона интиқол додаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, табиб бемории кӯдакро ба назар нагирифтааст ва баъди ҷарроҳӣ дар ӯ сепсис - сирояти вазнини хун инкишоф ёфтааст. Кӯдак фавран ба беморхона интиқол ёфта, барои наҷоти ҷони ӯ ҷарроҳон маҷбур шудаанд бофтаҳои сахт осебдидаро хориҷ кунанд. Яъне табибон барои наҷоти ҷони ӯ маҷбур шудаанд амалиёти ҷарроҳии вазнин анҷом дода, узви таносули кӯдакро бурида партоянд.
Дар робита ба ин ҳодиса Кумитаи тафтишотии Русия парвандаи ҷиноӣ боз карда, урологи 36-соларо боздошт намудааст.
 
Хатна дар куҷо бояд сурат гирад?
Ин қазия барои Тоҷикистон низ ҳушдори ҷиддист. Хатна дар ҷомеаи мо аз маросимҳои маъмули вобаста ба таваллуди писар аст, аммо қонун тартиби онро дақиқ муайян кардааст. Тибқи қисми 3-и моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», хатна бо розигии падару модар дар давоми як моҳи баъди таваллуди писар дар муассисаҳои тиббии дахлдор ва ба таври ройгон гузаронида мешавад.
Тартиби амалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки аз 10 июли соли 2025 мавриди амал қарор дорад, боз ҳам равшантар мегӯяд: гузаронидани хатнаи писарон дар шароити ғайритиббӣ манъ аст. Амалиёт бояд дар муассисаи давлатии тиббӣ, аз ҷониби табиби ҷарроҳ, бо кушодани таърихи беморӣ ва таҳти бедардкунии маҳаллӣ анҷом дода шавад. Яъне ҳатто агар хатнаро табиби соҳиби диплом анҷом диҳад, манзили истиқоматӣ ҷойи чунин ҷарроҳӣ нест.
 
Ҳушдор
Маҳз шароити тиббӣ имкон медиҳад, ки пеш аз амалиёт кӯдак муоина шуда, бемориҳои ҳамроҳ, мушкили лахташавии хун, нуқсонҳои модарзодӣ ва омилҳои дигари хавф муайян шаванд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таъкид мекунад, ки бехатарии хатна ба шароити ҷарроҳӣ, таҷҳизот ва маҳорати мутахассис вобастагии мустақим дорад. Хунравӣ, сироят, осеби бофтаҳо ва сепсис аз ҷумлаи оризаҳои эҳтимолии он мебошанд.
Мутахассисон ҳамчунин ҳушдор медиҳанд, ки баъди хатна волидайн бояд ҳолати захм ва пешобкунии кӯдакро назорат кунанд. Хунравии қатънашаванда, варами шадид, сурхшавии афзоянда, табларза, фасод, бӯи нохуш, дарди зиёд ё душвории пешобкунӣ сабаби муроҷиати фаврӣ ба табиб аст. Дар чунин ҳолат бо доруҳои худсарона ё маслиҳати шахсони ғайритиббӣ вақтро аз даст додан хатарнок мебошад.
Дар Тоҷикистон барои коҳиши чунин хатарҳо шабакаи махсус низ ташкил шудааст. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, танҳо дар нӯҳ моҳи соли 2025 дар кишвар 584 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои хатна фаъол буда, ба 83 ҳазору 203 кӯдак амалиёт ройгон гузаронида шудааст.
Пас, вақте қонун, табиб, ҳуҷраи ҷарроҳӣ ва хизматрасонии ройгон ҳаст, чаро бояд ҷони кӯдакро бо хатнаи хонагӣ ба хатар гузошт?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД