Раиси вилояти Хатлон дар соҳаи фарҳанг ҷоиза таъсис дода, онҳоро дар риштаи мусиқии суннатии фалак ба номи Одина Ҳошимов, дар бахши санъати эстрадаи миллӣ ба номи Муқаддас Набиева, дар риштаи санъати театр ва ҳаҷв ба номи Аловуддин Абдуллозода ва дар бахши санъати рақси миллӣ ба номи Туйдӣ Бобиева ном гузошт, хабар дод Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати фарҳанги вилоят ба мухбири сомонаи "Оила".
Ба баёни Насриддинзода, ҷоизаҳо ҳар сол дар Рӯзи фалак (10 октябр) ба ғолибони озмуни вилоятӣ, ки дар ҷодаи фалаксароӣ, сурудҳои эстрадӣ, рақс, офаридани нақшҳои мондагор дар саҳнаҳои театрӣ ва ҳаҷв саҳм мегузоранд, тақдим карда мешавад. Ғолибони ҳар номина бо «Диплом», медал ва 5000 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Барои дарёфти Ҷоиза ҳунармандони аз 18 то 50-солае, ки дар муассисаҳои фарҳангии қаламрави вилояти Хатлон на кам аз 5 соли охир фаъолияти эҷодӣ доранд, метавонанд довталаб бошанд.
Дорои истеъдоди баланди касбӣ будан, иштирок дар озмун ва чорабиниҳои эҷодию фарҳангии сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, интихоби мавзӯъ дар суруд ва намоишҳои театрӣ, инчунин саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи шартҳои пешниҳоди номзадҳо ба Ҷоизаи мазкур маҳсуб мешавад.