arzon replenishment
Хати марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аниқ шуд
247

 

Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии  Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ ниҳоят имрӯз, 4-уми декабри соли 2024 зимни мулоқот дар шаҳри Бодканди Қирғизистон ба ҳалли масъалаи муайян намудани хати марзи ду кишвар ноил гаштанд.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии  Тоҷикистон, мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гашта, роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расиданд ва тавсифи қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро пурра ба анҷом расониданд.

Ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супориш дода шуд, ки ба раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоии делимитатсия шуруъ намоянд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД