Хасбулло Магамедов, блогери машҳури оғистонӣ, ки бо лақаби Хасбик машҳур аст, худнамоӣ карда бо як гурӯҳ дӯстонашон ба ҳаракати мошинҳо халал расонидааст.
Ин видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдро ба бор оварда, пулиси ин кишвар Хасбик ва дӯстонашро барои қонуншиканӣ дастгир кардааст.
Дар хабаре, ки телеграм каналаи ВКД Доғистон нашр кард, омадааст, ки Хасбулло Магамедов ва дӯстонаш дар шаҳри Махачқалъа, пойтахти ҷумҳурии Доғистони Русия барои худнамоӣ дар як тӯй ва дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дастгир шудаанд. Онҳо рӯзи 8-уми майи соли ҷорӣ бо корвони мошинҳое, ки Хасбик ҳам дар яке аз онҳо нишаста буд (мошини “Жигули”-и кӯҳна) ба бетартибӣ роҳ додаанд.
Хасбик, ки дар курсии пеш шишта буд, қасдан ҳамроҳи дӯстонаш роҳро банд карда, бо мошинҳои якдигар бархӯрд кардаанд. (Ин ҳолат бо номи “драйв” дар миёни ҷавонон маъруф аст. )
Пулиси Доғистон хабар додааст, ки ҳамаи гунаҳкоронро дастгир карда, нисбат ба онҳо протоколҳо оид ба қонуншикании маъмурӣ тартиб додаанд.