Sebiston new 2024 october
Хадамоти алоқа шикоятҳоро ислоҳ мекунад
563

Аз ҳисоби зиёд шудани тарофаҳо нархи интернет дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба андозаи 15% поён фаромадааст, гуфт муовини раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Атоев зимни нишасти хабарӣ.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки бо таъмини таҷҳизоти соҳавӣ сифати интеренет хеле баланд бурда шудааст.

"Албатта дар баъзе манотиқ камбудиҳо ҳанӯз дида мешаванд ва ҳамарӯза мо тариқи занги телефон аризаҳои шикоятиро қабул мекунему дар пайи ислоҳи он ҳастем", - гуфт Атоев.

Масъулин зикр намуданд, ки аз ҳисоби истифодабарандагони хизмати алоқаи мобилӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 10 миллион сомонӣ ба буҷҷаи давлатӣ ворид шудааст.

Зимни нишаст хабарнигорон оиди пардохти ғайринақдӣ пурсон шуданд. Атоев гуфт, ки тамоми ширкатҳои хизматрасонии мобилӣ ба ин система омодаанд ва айни ҳол амалиётҳоро бо роҳи ғайринақдӣ иҷро карда истодаанд.

"Танҳо дар нимсолаи авали соли 2023 наздики 19 ҳазор амалиёти бонкӣ ба тариқи ҳамёни электрони анҷом дода шудааст, ки маблағи он зиёда аз 1 миллиону 460 ҳазор сомонро ташкил медиҳад", - гуфт муовини Бег Сабур.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД