Commerc banl
Хабари кушта шудани собиқ президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод рост аст ё дурӯғ?
02.03.2026
Oila.tj
250

Дар баъзе расонаҳои хориҷӣ хабари кушта шудани собиқ президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод паҳн гашта буд. Аз ҷумла, шабакаи телевизионии Озарбойҷон AzTV дар бораи куштори Аҳмадинажод гузориш дода, гуфт, ки дар маркази Теҳрон як марди номаълуми ниқобпӯш ба сӯйи Аҳмадинажод тир холӣ карда, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

Аммо хабаргузории эронии ИРНА ин хабарҳои пурҳангомаро рад карда, гуфтааст, ки хабарҳо дар бораи сӯйиқасд ба ҷони собиқ раисҷумҳури Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод дурӯғанд.

Аҳмадинажод шашумин президенти ин кишвар буда, аз соли 2005 то 2013 ба ҳайси раисҷумҳури Эрон кор кардаву бо суханрониҳои тундаш  маъруф гаштааст. Вай режими сионистиро "манбаъи фасод” мехонд ва силоҳи ҳастаиро "ғайриинсонӣ" номида, мегуфт, ки Теҳрон ниёзе ба бомби ҳастаӣ надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД