formula feb 2025
КҲФ: То Наврӯз хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад!
18.03.2025
Oila.tj
146

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ин манбаъ хабар додааст, ки аз 18 то 21-уми марти соли 2025 бинобар боло рафтани дамои ҳаво дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикии вилояти Суғд, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 48-74), инчунин дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли тармафароӣ вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ба нақша гирифтани сафар аз вазъи роҳҳо огоҳ шаванд, воситаҳои нақлиёти худро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намоянд, қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд, дар роҳҳо ҳангоми ҳаракат дар қитъаҳои тармахез масофаи байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд.

Кумита ҳамчунин тавсия медиҳад, ки шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд, аз рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум, гиёҳҳои шифобахш, шикор ё ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ худдорӣ намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД