Lmarka 2025
КҲФ паёмади офатҳои табиии 21-уми апрелро шарҳ дод
22.04.2025
Oila.tj
324

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар дод, ки давоми як шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар шамоли шадид, ҷамъшавии селу сангпораҳо ба қайд гирифта шудааст.

Санаи 21-уми апрел, соати 09:50-и субҳ дар 423 ва 427 км роҳҳои мошингарди Душанбе - Дарвоз - Ванҷ - Хоруғ сангрезӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа ин қитъаҳо баста ва ҳамон рӯз тозаву роҳ кушода шудааст.

Инчунин, дар натиҷаи обшавии шадиди барф, соати 10:43 дақиқа дар 29 км роҳи автомобилгарди Рӯшон - Бартанг сел омадааст. Дар натиҷа роҳ баста шуда, айни замон корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои офат идома доранд.

Худи ҳамин рӯз соати 19:45 шамоли шадид боми хонаи истиқоматии сокини деҳаи Делохи ноҳияи Ишкошимро канда бурдааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ медиҳад, ки дар натиҷаи офатҳои табиии 21-уми апрел қурбониён нестанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД