Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба ҳавошиносони кишвар хабар медиҳад, ки то 4 марти соли 2025 бар асари боришот дар баъзе минтақаҳои доманакӯҳӣ ва ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (км 62-74) ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи баланди фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Бинобар ин, КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки то ҳадди имкон аз сафар намудан ба минтақаҳои хавфнок, ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои шифобахш ва шикор худдорӣ намоянд.
- Ронандагонро зарур аст, ки ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои куҳӣ ва ё дар мавзеъҳои аз тарма хавфнок бояд фосилаи муқарраршудаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд. Дар роҳҳо бодиққат ва эҳтиёт бошед!,- огоҳ мекунад КҲФ.