Sebiston new 2024 october
КҲФ: Хатари омадани сел таҳдид мекунад
379

Ҳарорати ҳаво чанд рӯзи охир дар манотиқи кишвар поин рафтааст. Инчунин боронҳои кӯтоҳмуддат низ ба чашм мерасад. Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ медиҳад, ки имрӯз дар мамлакат ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва  раъду барқ ба амал меояд.

Рӯзҳои 27-28 августи соли равон дар ҷумҳурӣ якуякбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар назар буда, борон борида, 27 август охири рӯз дар баъзе ноҳияҳои НТҶ, 28 август шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон, НТҶ, ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ бошиддат ба амал меояд.

Дар ноҳияҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 17-22м/с пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 8-10 паст мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳию доманакӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, НТҶ ва ғарби ВМКБ сар задани селҳои хусусияти маҳаллидошта аз эҳтимол дур нест.

Рӯзҳои 26-27 август дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ - чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 3300 метр ба амал омадани борон ва барф), шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони бошиддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шимол бо суръати 7-12 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 18+20 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 32+34 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 1+6 дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони бошиддат ва раъду барқ (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр борон ва барфи тар) ба амал омада, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шимол суръати 5-10 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ, шабона ва саҳаргоҳон бориши бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти шимол бо суръати 7-12 метр дар сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ва раъду барқ  (шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр борон ва барфи тар) ба амал омада, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шимол бо суръати 5-10 метр дар сония мевазад, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат, шабона дар баъзе ҳолатҳо бошиддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шимол бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа гарм, рӯзона 25+27 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзи 29 - ум дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шимол бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 17+19º гарм, рӯзона 30+32º гарм мешавад.

Дар шаҳр ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шимол бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм, рӯзона 25+30º гарм мешавад.

Рӯзи 30 – юм дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шимол бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 18+20º гарм, рӯзона 32+34º гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шимол бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм, рӯзона 25+30º гарм мешавад.

Аз ҳамаи сокинон хоҳиш карда мешавад, ки чораҳои эҳтиётиву бехатариро ҷиддан риоя намоянд. Ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардиву сайёҳон бояд ҳатман қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳову роҳҳо кӯҳиро риоя намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД