Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боқӣ мондани хатари тармафароӣ дар давоми имрӯз хабар дод.
КҲФ бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ дод, ки рӯзи 28-уми феврал бинобар боришоти зиёд дар баъзе минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 62-74-уми шоҳроҳ) ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли сар задани зуҳуроти тарма боқӣ мемонад.
Манбаи мазкур аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки чораҳои эҳтиётӣ андешанд, аз сафарҳои дур ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд ва дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд.