arzon replenishment
КҲФ аз селҳо дар қаламрави кишвар хабар дод
386

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз чанд сели рӯзҳои охир дар қаламрави ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, 24-уми марти соли 2025, соати 21:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 320-уми роҳи мошингарди Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, ки аз миёни деҳаҳои Хостав ва Зевари ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз мегузарад, сел омадааст.

Инчунин, 25-уми марти соли ҷорӣ наздик ба соати 2-и шаб дар километри 0,5-уми роҳи мошингарди Душанбе-Лабиҷар-Маркази ноҳияи Сангвор бар асари боронҳои пуршиддат сел омадааст. Дар натиҷа лою лойоба ва сангу рег роҳро бастааст.

Ҳамчунин, 25-уми марти соли равон наздик ба соати 5-и субҳ дар километри 203-юми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахш-Саритош, ки аз ҳудуди мавзеи Сурхаки ноҳияи Тоҷикобод мегузарад, бар асари боронҳои шиддатнок сел омадааст.

Гуфта мешавад, ки хушбахтона, бар асари селҳо талафоти ҷониву хисороти дигар нест.

Бино ба маълумоти ҳавошиносон, ҳавои номусоид то рӯзи 27-уми март идома мекунад ва эҳтимоли омадани селҳо, резиши сангу рег дар роҳҳои кӯҳӣ ва лағзиши тарма зиёд аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД