Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз садамаи мошин дар Роштқалъа, роҳбандиҳои тарма дар роҳҳои ВМКБ ва сел дар ноҳияи Вахшхабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, 12-уми марти соли 2025, тахминан соати 07:20 дақиқа дар километри 15-уми роҳи автомобилгарди Хоруғ-Роштқалъа, мавзеи Дусчини деҳаи Шодии ҷамоати деҳоти Қ. Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа бар асари резиши сангу рег автомашинаи мусофиркаши тамғаи “Чанху” дучори садама шудааст. Бино ба хабари расида, ин мошин аз ҷониби як сокини 35-солаи деҳаи Тавдеми ҷамоати деҳоти Қ. Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа идора мешуд ва ҳангоми садама бо ронанда чор нафари дигар ҳам менишастанд.
Бо дарёфти хабар наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, соати 08:57 дақиқа ронанда ва мусофиронро аз дохили автомашина бароварда ва ба беморхонаи марказии тиббии “Оғохон” интиқол додаанд.
Инчунин, 12-уми марти соли 2025, тахминан соати 09:30 дақиқа дар километрҳои 7 ва 15-уми роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим, мавзеи Ғожаки ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст. Бар асари ин ҳодиса роҳ муваққатан баста гардидааст. Барои бартараф намудани ҳодисаи баамаломада 1 адад техникаи муҳандисӣ, боркунаки фронталӣ аз ҷониби МНДРА-и ноҳияи Шуғнон сафарбар гардида, соати 17:20 дақиқа роҳ боз ва ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир шудааст.
Боз, 12-уми марти соли 2025, тахминан соати 13:45 дақиқа дар километрҳои 661 ва 678-уми шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, мавзеи Шитами ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнон тарма як самти роҳро муваққатан бастааст. Барои бартараф намудани ҳодисаи баамаломада 1 адад техникаи муҳандисӣ, боркунаки фронталӣ аз ҷониби МНДРА-и ноҳияи Шуғнон сафарбар гардида, соати 19:48 дақиқа роҳ пурра кушода гардида, ҳаракати нақлиёт таъмин гардидааст.
Инчунин, 12-уми марти соли 2025, тахминан соати 15:00 дақиқа дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш бар асари бориши борони зиёд аз селроҳа сел омадааст. Дар натиҷа обу лой ба 2 адад хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ворид гардидааст. Сел талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надоштааст.