arzon replenishment
КҲФ аз боришоти рӯзҳои оянда ҳушдор дод
08.04.2025
Oila.tj
530

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 8 то 10-уми апрели соли 2025 дар натиҷаи боришоти шадиди пешбинишуда дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва кӯҳу доманакӯҳҳо хатари омадани сел вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия додааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёву рӯдхонаҳо, сафарҳои сайёҳӣ ба кӯҳу пуштаҳо худдорӣ кунанд.

Кумита аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ҳаркат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ, бахусус ағбаҳо эҳтиёт кунанд, фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд, суръати ҳаракатро боло набаранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД