Sebiston new 2024 october
Кетчупи ватанӣ бо тамъи лазиз
04.03.2021
Сухроб
2466

Хӯроки болаззатро ҳама дӯст медоранд, вале на ҳама медонанд, ки сири бомазза шудани хӯрок дар соусҳо аст. Соуси маъмултарин ин албатта кетчуп мебошад. Аслан мо одат кардаем, ки бо кетчуп хӯроки гӯштинро аз қабили сихкабоб, стейк ё фри истеъмол намоем. “Кетчуп”-ро ҳамчун ғизои аврупоӣ мешиносем, вале на ба ҳама маълум аст, ки онро бори аввал дар Хитой ихтироъ намудаанд ва он аз помидор, шакар, сирко, хуштамъкунанда ва дигар адвиётҳо иборат буд. Бо мурури замон одамон ретсепти онро чандин маротиба тағйир додаанд. Баъдан дар асри 18 англисҳо бо воридоти он машғул шуданд. Соли 1876 Генри Дж Хайнси амрикоӣ ретсепти кетчупро тағйир дода, баъди чанд сол ба фурӯхтани он шурӯъ намуд.

Биёед оиди ғизои бомаза суҳбат мекунем. Чаро мо ҳар хӯрданиеро, ки дар фаст-фуд дархост мекунем, ба таркибаш диққат намедиҳем ва ҳатто сарчашмаи ин тамъи лазизро намедонем. Дар таркиби тамоми маҳсулоти фаст-фудӣ кетчуп вуҷуд дорад. Мо аксаран кетчупро дар хона ҳангоми тановули ҳасибча, тухм, картошка ва дигар хӯрокҳо истеъмол менамоем ва ҳатто пай намебарем, ки маҳз кетчуп тамъи ғизоро лазиз мегардонад. Дар асри 21 кетчуп то андозае ғизои маъмулӣ гаштааст, ки мо ҳатман онро ба хӯроки худ илова мекунем.

Сабаб дар он аст, ки одамизод ба ҳама чизи хуб одат мекунад ва одаткунӣ ба кетчуп истисно нест.

Биёед иқрор шавед, ҳангоми харидорӣ намудани фаст-фуд ҳатман илова намудани кетчупро дархост менамоед ё ҳангоми хӯрдани сихкабоб ҳатман кетчуп суроғ мекунед. Ин маҳсулот ҳам дар муассисаҳои хӯроки умумӣ ва ҳам дар хона хеле маъмул аст.

Шумо намедонед, ки помидорҳои бомаззатарин аз куҷоянд –онро дар ватани мо, Тоҷикистони офтобӣ парвариш мекунанд. Акнун ҳосили помидорҳои табииву гӯштин ва ширкати истеҳсолиро бо сифати ҷаҳонӣ тасаввур намоед. Бале, бале шумо дуруст фаҳмидед, ширкати “Оби Зулол” маҳсулоти навро бо сифати ҷаҳонии “Кетчуп” бо тамғаи “Нури Зулол” истеҳсол менамояд. Ин маҳсулот бо тамъи лазизаш ба ҳама писанд меояд, ҳатто ба бамазахӯракҳое, ки танҳо соусҳои хонагиро мепарастанд. Пеш аз истеҳсоли “Кетчуп” бо тамғаи “Нури Зулол”, ширкат тамоми тамъҳо ва ретсептҳоро омӯхт, то ки барои истеъмолкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон чизи наве омода намояд, зеро ҳамватанони моро бо маҳсулоти мазкур ба ваҷд овардан кори душвор аст.

Сабаби якум: ватани мо аз помидорҳои босифаттарин бой аст, помидорҳо дар шароити табиӣ парвариш ёфта, хеле бомаза ҳастанд.

Сабаби дуюм: ширкати “Оби Зулол” истеҳсолкунандае аст, ки аз рӯзи аввали фаъолият ғами истеъмолкунандагони худро хӯрда, беҳтарин маҳсулотро аз қабили обу нӯшокиҳо, пюре, шарбатҳо ё кетчуп истеҳсол мекунад. Барои он ки соус бомазза ва фоидабахш бошад, ширкати “Оби Зулол” танҳо маҳсулоти босифату тару тоза, пухташуда, сероб, ширин, помидори калонҷаҳми бе поруҳои минералӣ парваришёфтаро истифода мебарад.

Кетчупи ширкати “Оби Зулол” таҳти тамғаи “Нури Зулол” ин маҳсулоти технологияи баланд бо ретсепти мувофиқшуда ва тамъи беҳамто мебошад, ки хӯроки шуморо лазиз мегардонад. Ҳангоми омода сохтани он тамоми витамину минералҳо, моддаҳои ғизоӣ ва биологӣ нигоҳ дошта мешаванд. Барои тамъи иловагӣ ва лаззати махсус ба кетчупи “Нури Зулол” қаланфури ширини гӯштин ва адвияҳои табиӣ илова мекунанд.

Кетчуп ягон иловаи ғизоӣ, рангҳо, ғафскунанда ва қандивазкунанда надорад, онро ба кӯдакон додан мумкин аст. Дар 2 шакл истеҳсол мешавад:

  1. Кетчупи классикӣ.
  2. Кетчупи тунд.

Шумо метавонед тамоми маҳсулоти “Оби Зулол”-ро дар нуқтаҳои савдо, рафҳои мағозаҳо таҳти шиори «Маҳсулоти ватанӣ  бо сифати ҷаҳонӣ ва нархи дастрас» пайдо кунед, ё метавонед дар вакти хондани ин мақола тавассути сомонаи shop.obizulol.tj маҳсулоти “Оби Зулол”-ро ба таври расонидани ройгон, фармоиш диҳед.

 ¤R¢R ò_¢§£ô1

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД