Одамон сарфи назар аз синну сол дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ ба роҳнамоӣ ва панду насиҳати дигарон ниёз пайдо мекунанд. Дар ҳар як маҳал шахсони оқилу фарзонае ҳастанд, ки метавонанд дар чунин лаҳзаҳои сарнавиштсоз роҳи дурусти зиндагиро нишон дода, тарафҳоро ба созиш биёранд ва оиларо аз ҷудоӣ наҷот бубахшанд. Фазилат Абдураҳмонова аз зумраи чунин бонувони оқила аст.
Меҳмони навбатии гӯшаи "Маслиҳати хушдоман" Фазилат Абдураҳмоноваи 77-сола бо панду насиҳатҳои модаронаи худ даҳҳо оиларо ба созиш оварда, боиси хушбахтии ҷуфтҳои ҷавон гаштааст. Суоли мо ба ин модари рӯзгордида чунин аст:
Чаро байни хушдоману келин моҷаро мешавад?
Дар муносибати хушдоману келин гунаҳкор кардани як тараф дуруст нест. Албатта моҷаро, нофаҳмӣ, ногапӣ дар ҳама оила мешавад. Баъзан кору рафтори як нафар ба нафари дигар маъқул намешавад ё келин суханҳои хушдоманро на ҳамчун панди модарона, балки чун эроди душманона қабул мекунад. Хушдоманҳо ҳам ба ҷойи ба кору бори келин эрод гирифтан ба келин шеваи зиндагидориро дар хонаводаи худ омӯзонад, беҳтар мешуд.
Аксари хушдоманҳо бар он ақидаанд, ки духтар бояд ҳама корро дар хонаи падару модараш ёд гирифта, ба зиндагӣ тайёр шуда, баъд шавҳар кунад, вале ҳар як хонадон тартибу низом ва набзу тарзи зиндагидории худро дорад. Аксаран вақте сабаби моҷарои келину хушдоманро мепурсед, мебинед, ки оддитарин чиз аст. Набояд хушдоману келин аз пашша фил сохта, барои ҳар майда-чуйда дили ҳамдигарро сиёҳ кунанд.
Модарон бояд ба тарбияи фарзандонашон бефарқ набошанд. Фарзанд ҳатто замони оиладору фарзандор буданаш ҳам, ба тарбия ниёз дорад. Вақте духтар ба хонаи модараш меҳмонӣ омада, аз воқеаҳои дар хонааш шуда қисса мекунад, модар ба ҷойи гапи ӯро об додан, бояд таъкид кунад, ки зани хуб набояд сирру арсори оилаашро фош созад ва ғайбат кардан гуноҳ аст.
Вақте ки духтар аз хонаводаи шавҳараш шикоят карда, аз ҷониби падару модар дастгирию дилсӯзӣ мебинад, ба ғайбат кардан одат мекунад ва бо баҳонаи “дарди дил кардан”сирру асрори оилаашро пеши ҳама гуфтан мегирад. Дар натиҷа аз гап гап баромада, вазъи оилавӣ шадидтар мешавад ё ягон нафар маслиҳати нодуруст медиҳад, ки боиси сард шудани муносибати хушдоману келин ё зану шавҳари ҷавон мегардад.
Бояд ба духтарон омӯзонем, ки дар оиладорӣ сабру таҳаммул хеле муҳим аст. Ба духтаронамон ёд диҳем, ки сири оилаи худро ба каси дигар нагӯянд, хушдоманро ба авсун ё баръакс авсунро ба хушдоман ганда накунанд. Келин бояд бо тамоми аъзои оила меҳрубон ва ширинсухан бошад.
Дар ин баробар хушдоманҳоро низ зарур аст, ки бо келинҳояшон модарвор рафтор кунанд. Як келинро аз дигараш дар назди ҳама боло гузошта, таърифу тавсиф накунанд. Ширинсухану ҳамдигарфаҳм бошанд. Фаромӯш накунанд, ки онҳо низ рӯзе келин буданд ва духтарашон ҳам келини як хонавода аст.