new banner new years
Келинро ғайбат накунед, хушдоманҳо!
23.04.2023
Дилошӯб
1313

 Меҳмони навбатии мо журналисти собиқадор сокини шаҳри Бохтар, Бадахшон Зардакова ҳастанд. Мо ба ин бонуи эҷодкору рӯзгордида бо чунин савол муроҷиат кардем:

-Муаллимаи азиз, ба андешаи шумо калиди хушбахтии оилавӣ дар чист?

Ҳама модарон орзу доранд, ки соҳиби келини хуб бошанд, чунки келин ояндаи ин хонадон аст. Вақте бо ҳазорон армон ба хонадонат келин мефарорӣ, ӯро хуш қабул намудан лозим аст. Духтар аз канори гарми волидайн, хонаи падарӣ ҷудо шуда, ба хонаи ту ба хотири писарат меояд. Барои одат намудани ӯ ба ин навгониҳои ҳаёташ сабр бояд намуд, роҳбалад бояд буд.
Духтари мардум бо умед ба хонаи бахт қадам мемонад ва ӯро чун фарзанд қабул карда, тарбия додану ба оянда тайёр кардан лозим.

Аксари духтарони ҳозира баъди хатми мактаб ба донишгоҳ дохил мешаванд ва вақти каме барои омӯхтани баъзе ҳунарҳои сифр занона меёбанд. Хушдоман дар навбати худ бояд ҳама ҳунарҳои доштаашро ба келинаш омӯзад. Ҳар гуноҳи келинро пеши рӯйи писар овардаю ӯро гунаҳгор кардан беақлист. Бисёр мешавад, ки дахолати калонсолон боиси пош хӯрдани оилаҳои ҷавон мегарданд. Модароне, ки боиси шикасти бахти писарон, бадбахтии келин ва зиндаятим мондани набераҳояшон мешаванд, мутаассифона кам нестанд. Хушдоман бояд аз ӯҳдаи сарварии хонадон барояд. Сабр калиди ҳамаи хушбахтиҳост, агар модари оила босабр бошад, он оила хушбахту солиму обод мемонад.

Келинро дӯст бояд дошт, зеро танҳо ӯ дар охири умр парастори хусуру хушдоман мешавад. Тавре зиндагии оилавиро ба роҳ мондан лозим аст, ки фардо бемор шудӣ, дили келин бароят бисӯзад. Қадратро бидонад, ба ҳастият эҳтиром гузорад.

Хушдомане, ки боиси пош хӯрдани оилаи писар ё духтараш мешавад, дар назари фарзанду набераҳояш ҳам бад мешавад. Беҳтарин роҳи муносибат дар оила якдигарфаҳмӣ, келинро бад накардан ва роҳбаладӣ намудан дар ҳаёти мустақил аст.
Худо хоҳад, оқибати оилае, ки он ҷо якдилию меҳру муҳаббат аз ҳама муҳимаш сабр мавҷуд аст, хуб мешавад.

Масъули гӯша Дилошӯб

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД