Arzon march 2024
Келини нозгулак ҷонамро ба лабам овард
23.01.2025
Оила.ТҶ
1697

Салом! Ман модари 3 фарзанд ҳастам. Дар бисотам танҳо як писару ду духтар дорам. Писарам ҷавони меҳнатӣ аст, шабро шабу рўзро рўз нагуфта ҷон мекоҳонад, ки пули бештар кор крада, аробаи зиндагиро ба пеш тела диҳад, вале духтари сернозе сари бачаи содаамро тоб дода, ӯро ба домаш афтонду ҳамаи моро ба қавле ба бузбозӣ андохт.

Намедонам ин духтари шаттоҳ дили писарамро бо кадом роҳ ба худаш гарм кард, ки “очаҷон, агар нағздидаамро гирифта надиҳед, қасам мехӯрам, ки сарамро гирифта баромада меравам” гӯён, ду пояшро ба як мӯза андохт ва маҷбур шудем, ки келинаш кунем, аммо...

Аз рўзи аввали ба хонадони мо қадам ниҳодашан келин нозу нузро сар кард. Ҳамроҳи мо нишаста хўрок намехўрд, суҳбат намекард, дасташро ба ягон кору бори хона намезад. Ақлаш медаромадагист гуфта, ба ҳама қилиқҳояш тоқат мекардам.

Ҳамин хел писарам бо занаш шаш моҳ зиндагӣ кард, вале келин ҳеҷ дилу нияти ислоҳ шудан надошт. Ба духтаронам ошкоро мегуфтааст, ки акаатон бо доираи ман рақс мекунад, ҳозир мур гўям, мемурад.

Дар ҳақиқат писарам баъди чанд вақт ғуломи ҳалқабаргўши занаш шуда монд. Пештар ҷонаш дар болои ману хоҳаронаш буд, вале акнун бо ҳамсараш дастобадаст карда ба сайру тамошо меравад, пули меёфтаашро сарфи ошхонаю тарабхонаҳо карда, ақаллан барои тасаллои диламон намепурсад, ки мо, модару хоҳаронаш серем ё гурусна.

Нағмаҳои келин ба ҷонам зада бошад ҳам, барои вайрон нашудани зиндагиашон чизе намегуфтем, вале арӯси эрка аз ҳад гузаронд. Дар назди писарам шарт мондааст, ки хонаро фуруӯхта дар шаҳр хона бигир, вагарна ман баромада меравам. Писарам ҳам бо доираи занаш рақсида, “хонаро мефурӯшам” гуфта истодааст.

Синну соли ман алакай ба 70 расидааст ва тамоми умр дар деҳа зиндагӣ кардаам. Ба хотири келини нозгулакам дар дами пирӣ овора шуда ба ҷойи дигар кӯчидан намехоҳам, аммо писарам ба ҷону ҳолам намонда истодааст. Нархи хона дар шаҳр қимат аст ва бо пули хонаи мо якхонагӣ ё духонагӣ харида мешаваду халос. Ман хуб медонам, ки агар писарам ҳавлиро фурӯхта аз шаҳр хона харад, баъди чанд муддат келини шаттоҳам маро бо духтаронам аз дар берун мекунаду дар кӯча мемонем.

Илтимос, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

М. О.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД