Азбаски модари ман зодаи Панҷакент асту дар ноҳияи Рашт шавҳар кардааст, ҳамагӣ дар давоми ду-се сол як маротиба ба аёдати хоҳарону бародаронаш мерафту халос. Мо, ки аз оилаи тақводорон будем, тамоман ба кӯча намебаромадем. Вақте ки духтари болиғ шудаму мактабро хатм кардам, аз Панҷакент холаи калониям барои писараш маро хостгор шуд. Аз сабаби кам рафтуомад доштан, холаамро дар ҳавлии падарам якум бор дидам. Ӯ баробари маро дидан, “Гулсифат духтари зебову қадрас шудааст” гуфта, аз рухсораҳоям мебӯсиду меҳрубонӣ мекард.
Нияти холаамро шунидаму дигар ба пешашон набаромадам. Он рӯз Яҳё низ ҳамроҳашон омада буд. Бачаи холаамро бори нахуст дида, ошиқи зор шудам. Вақте модарам фотиҳаро баъди 18-солагиро пур кардани ман мавқуф монд, холаам каме ранҷид ва “ту духтаратро лоиқи писари ман намедонӣ” гуфта, бо лабу лунҷ овезон ба мошини писараш нишаста рафтанд. Пас аз як рӯз байни модарам ва дигар бародарону хоҳаронаш нофаҳмии калон сар зад. Онҳо пас аз ин ҳодиса ногапӣ шуданд. Вақте ман 18 солагиро пур кардам, дар зодрӯзи модарам холаам бо тӯҳфаҳои гаронбаҳо боз меҳмонамон шуд. Онҳо ҳамдигарашонро ба оғӯш гирифта, хуб гиристанд. Холаам маро ба наздашон даъват намуда, ангуштаринро ба ангуштам гузаронд. Яҳё бо ман дар хонаи алоҳида ҳамсӯҳбат шуд. Бисёр бачаи хуб ва хушмуомила будааст. Яҳё ҳамоне буд, ки орзуяш мекардам. Аз фурсат истифода бурда, бо ҳам орзуҳои дили худро гуфтем. Яҳё гуфт, ки таъхир нокарда, ҳарчӣ зудтар тӯйро тезониданист, аммо таги дилам сиёҳӣ дорад, ки оё холаи қаҳркунакам дар идомаи зиндагӣ бо ман созиш мекунад ё не? Нашавад, ки ба холаам келин шуда, байни модарам ва холаам бадбинӣ ва дилсардӣ эҷод созам. Беҳуда намегӯянд, ки “Келини хола, дар таги барфу жола!“ Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед. Оқибати корро фикр накарда, арӯс шуда равам?
Гулсифати раштӣ