Келине, ки хушдоману шавҳарашро кушт, ба 12 соли зиндон маҳкум гашт
510

 

Дар Ӯзбекистон суд занеро, ки шавҳар ва хушдоманашро ваҳшиёна ба қатл расонидааст, ба 12 соли зиндон маҳкум намуд. Дар ин бора Kaktus хабар додааст.

Ин ҳодисаи ваҳшатнок дар шаҳри Ангрени Ӯзбекистон рӯй дода, байни ҷавонзани маҳкумшуда ва модаршӯяш кайҳо боз ҷангу ҷидол ва носозгорӣ вуҷуд доштааст. Бори охир ҳангоми пухтани манту баҳсу мунозира кардаанд ва келин бо корд ба модаршӯяш ҳамла карда, ӯро бераҳмона ба қатл расонидааст. Вақте шавҳараш аз ҳодиса хабардор мешавад, ин зани бераҳм ӯро низ ба ҳалокат мерасонад.

Суд занро барои содир намудани куштори бераҳмонаи ду нафар аъзои оилааш ба 12 солу 3 моҳи зиндон маҳкум намудааст. Аммо аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ ин ҳукмро ноодилона шуморида, талаб карда истодаанд, ки қонунгузории ҷиноятии кишвар бозбинӣ шавад, зеро барои содир намудани куштори ду нафар мардон ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд. Аҳли ҷомеа талаб доранд, ки баробарии гендерӣ риоя шуда, ҷавобгарӣ ва муҳлати ҷазо барои содир намудани ҳама гуна ҷиноят ҳам барои мардон ва ҳам барои занон баробар бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД