- Намезанӣ! Ана барои ҳамин ҳам аз худ меравад. Намедидӣ падарат маро чихел латукӯб мекард. Ҳар рӯз бо шаппотиву лагад гӯшмол медод. Намедидӣ бибият чӣ гуна ба оташи қаҳри падарат равған мерехт.
Агар лаҳзае кори фармудаашро накунам, вой бар ҳолам буд. Ана он вақт ман ҳам парида-парида корҳояшро мекардам. Кори падаратро кунам ҳам, накунам ҳам, гап мешунидам. Келини мо бошад, дар хона чун маликаҳо зиндагӣ мекунад. Ба кору бораш касе лом гуфта наметавонад. Чаро? Чунки писари мо занашро намезанад, занро, ки назанӣ, аз рамка мебарояд-да,- гуфт Сайёра ба писараш Сардор, ки ношто хӯрда менишаст.
Сардор тухмбирёни нимхоми омодакардаи ҳамсарашро хӯрда-хӯрда, ба гуфтаҳои модараш гӯш медод. Ӯ оҳи сабуке кашида, ба фикр фурӯ рафта буд.
Аслан намехост ба суханони модар чун ҳарвақта ҷавобе гардонад. Зеро аз шикастани қалби модар метарсид. Вале Сайёра беист писарашро маломат мекард, ки завҷаашро беҳад эрка кардаасту гӯё ҳамсараш то андозае "гапнодаро" шудааст.
- Ҳой писар, латта нашав мегӯям. Инхел рафтан гирад, мисли баъзе мардҳо занкалон шуда мемонӣ. Гап-гапи ту не, гапи зан мешавад. Дар хона, ки зан гапзан шавад, вой бар ҳоли он мард, фаҳмидӣ!? Занатро беҳад эрка мекунӣ,- аз хомӯшии писараш дар ғазаб шуда, бо итоб мегуфт Сайёрахола.
- Чӣ кор кунам, модар? Чӣ кор кунам?... Хаста шудам охир. Шумо хушдоман ҳастед, келинатонро ба роҳу равиши худ дароред. Ба зиндагӣ омода кунед. Ӯ дирӯзакак аз оғӯши гарми волидайнаш омада бошад, аз куҷо донад рӯзгордориву оиладориро? Ба ӯ фаҳмонед, ки дар кадом ҳолат чӣ кор кунад. Ман аз саҳар то шом дар кор бошам, аз куҷо медонам, ки дар хона чӣ мешавад?
- Дирӯзакак не! Даҳ сол шуд ба хонадориятон.
- Хайр чӣ кор кунад, модар? Охир, бечора ҳар рӯз мокувор хизмататонро кунад, рӯбад, чинад, пухтупаз кунад... Боз чӣ кор кунад? Ба тамоми авлодам меҳрубонӣ кунад, иззату эҳтиромашонро ба ҷо орад... Як зан ҳамин хел мешудагист-дия.
- Зан! Занатро зан! Занат ки ёд нагирад, ё гапатро нагирад, зада-зада ёд деҳ,- бо қатъият посух дод хушдоман.
- Модарҷон, чаро намефаҳмед, зан ҷинси латиф аст, ӯ лутф мехоҳад. Ба ӯ меҳрубонӣ бояд кард.
- Ҳа, зан ҷинси латиф аст. Дар замони мо зан ҷинси латиф набуд!? Чаро маро падарат баҳудаву беҳуда мезад? Чаро ман меҳр намедидам? Бо вуҷуди мокувор аз саҳар то шом давидан боз хар барин гап мешунидам. Он вақт ман меҳрубонӣ, навозиш намехостам?
- Мехостед. Ана барои ҳамин ҳам ман ба зан даст намебардорам. Метарсам, ки як рӯз оҳаш мегирад.
- Писарам, чаро ба ман меҳр намедиҳӣ!? Магар ман зан нестам. Шабу рӯз ҳаётамро ба ту бахшидам. Аз хоби ширин хеста барои осудахобии ту хоб накардам. Напӯшидам, нахӯрдам, ба ҳамаи азобҳои зиндагӣ чун санг устувор мондам. Ба хотири кӣ? Ба хотири ту, ба хотири апаҳоят. Ман ояндаи шумоёнро фикр карда, ба ҳама азобу шиканҷаҳои зиндагӣ сабр кардам. Имрӯз бошад, писарам ба хотири ман аз уҳдаи як зани ноуҳдабаро баромада наметавонад?
(Давом дорад)
АРДАШЕР