Sebiston new 2024 october
Келин кампири якдастаро гулом кард (Қисми 3)
1914

Хонаам фоҳишахона шуд

Писарам баъди талоқи занашро додан ба Русия мардикорӣ рафт. Гумон доштам, ки бо ҳамин ҷонам аз он балокелин халос шуд, вале “фарзанд дорад” гуфта, бо қарори суд дар хона маскунаш карданд. Ман ба ӯ кор надоштам, ки чӣ мехӯраду чӣ мепӯшад, вале “дузди зӯр соҳиби молро мебандад” гуфтагӣ барин, вай ҷони маро ба лабам меовард. Субҳ ҳама ҷойро рӯфтаю шуста ба кор мерафтам, вале бегоҳ ба хона баргашта, ҳуш аз сарам мепарид. Аз дуди сигору арақ ба хона даромада намешуд. Собиқ келинам дар набудани ман дугонаҳои фоҳишааш ва боз ким-киҳои дигарро ба хона оварда, айшу ишрат карда мешишт. Барои он ки боз ҷангу ҷанҷол карда, рӯю мӯямро наканад, чизе намегуфтам. Оқибат кор ба ҷое расид, ки дар хонаи худам осуда ба ҳамом ва ҳоҷатхона даромада наметавонистагӣ шудам. Саршӯӣ дароям, то баромаданам келини шаттоҳам аз пушти дар маро дашному ҳақорат медод ва “беваи якдаста кӣ туро...” гӯён, ончунон суханҳои фаҳш мегуфт, ки забони ман ба такрор кардани он гапҳои бемаънӣ намегардад.

 

 


-Эҳ, ин мардуми тоҷик, чӣ гапҳое, ки намебофанд. (механдад). Албатта ин овозаҳо асос надоранд. Ман барои зисту зиндагии доимӣ не, балки мувақаттан барои тавлиди фарзандам ба Амрико сафар карда будам. Дар ин чанд моҳи дурӣ падару модар ва бародаронамро сахт пазмон шуда, бо хоҳиши худ ҳамроҳи духтарчаам ба Ватан баргаштам.

 


Косаи сабрам лабрез гашту...

Аз бозе, ки собиқ келинамро маскун намуданд, хонаам ба фоҳишахона табдил ёфта, на шаб ором доштаму на рӯз қарор. Оқибат косаи сабрам лабрез гашт ва ба нозири минтақавӣ шикоят намудам. Вақте ки кормандони милиса омаданд, садои мусиқӣ дар фалаку рақсу бозии келинам ва дугонаю ҷӯраҳои бадгашту бадмасташ дар авҷ буд. Ҳолати корро дида, онҳо санад тартиб доданд ва аз ҳаққу ҳамсояҳо баёнот гирифта, ба ман маслиҳат доданд, ки ба суд муроҷиат намоям. Тамоми санадҳои заруриро ба суд пешкаш намудам. Умедворам, ки қонун маро аз ҷабри ин балокелин халос мекунад...

Маҳинаи Давлат

П\С

Дар асоси санадҳои тартибдодашуда ва шоҳидии ҳамсояҳо суд барои дағалона вайрон намудани тартибот, халалдор сохтани оромии дигарон ва машғул шудан ба корҳои ношоям дар манзиле, ки маскун гашта буд, аз ҳуқуқи минбаъд зистан дар манзили собиқ шавҳараш маҳрум намуд. Ҷони кампир халос шуда бошад ҳам, то ҳол аз собиқ келинаш қади аҷал метарсад. Ҳанифахола аз мо бисёр хоҳиш кард, ки номи аслии ӯро пинҳон дошта, макони зистанро дигар кунем. Пиразани маъюб аз он метарсад, ки балокелин шабу нимашаб ба сараш омада “ту маро дар газета навиштӣ” гӯён, ӯро зада накушад.

Умедворем, ки сарнавишти талхи ин зан ба дигарон дарси ибрат мегардад ва дар интихоби келин ҳушёр мешаванд.

Дар охир ба ҳама келину хушдоманҳо гуфтанием, ки ҳарчи корӣ, ҳамонро медаравӣ. Касе, ки беҳуда ба инсони дигар ҷабру ситам мекунад, хоҳ келин бошаду хоҳ хушдоман, дар оянда ҳатман ҷавоби бадиҳояшро аз фарзандони худаш хоҳад дид.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД