Маҳсулоти лозима:
200 грамм фалла, 100 грамм равғани маска, 170 грамм орд, 20 грамм какао, 1,5 моддаи ковоккунанда, 3 тухм, 200 грамм шакар, каме намак.
Тарзи таҳия:
Тафдонро ба ҳарорати 180 дараҷа тасфонида, ба даруни қолабчаҳои кекспазӣ коғазчаҳои махсусро гузоред. Равғани маскро хунук кунонида, фалларо аз элак гузаронед ва бо орду моддаи ковоккунандаву намак омезиш диҳед. Бо миксер тухму шакарро то сафедчатоб шуданаш лат зада, ба он равғану фалла илова кунед. Хамирро ба қолабчаҳо пур карда, кексро муддати 30 дақиқа пазед.