formula feb 2025
Кӯдакони “прививка” нашударо эм мекунанд
05.03.2025
Фируза
435

 

Дар Тоҷикистон аз 3 март то 7 июни соли 2025 маъракаи эмкунии кӯдакони аз 1 сола то 5-сола гузаронида мешавад. Дар доираи чорабинии мазкур кӯдаконе, ки бо сабабҳои гуногун воксинаҳои пешбинишударо дар вақташ нагирифтаанд, эм карда мешаванд.

Бино ба иттилоъи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ маъракаи мазкур бо дастгирии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Алянси воксин ва иммунизатсияи ГАВИ гузаронида мешавад. Волидоне, ки бо ин ё он сабаб кӯдаконашон воксинатсия нашудаанд, метавонанд барои эмкунӣ ва гирифтани вояҳои зарурӣ ба марказҳои саломатӣ ва табибони кӯдаконаи маҳалли зисти худ муроҷиат кунанд. Эмкунӣ бо мақсади эмин доштани кӯдакон аз бемориҳои гуногуни сироятӣ ва дигар касалиҳое, ки оқибатҳои ногувор дошта метавонанд, гузаронида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД