arzon replenishment
Кӯдакони бо ҷарроҳӣ тавалудшударо модаронашон дӯст намедоранд?
797

Кудаконе, ки бо роҳи табиӣ таваллуд мешаванд аз кудакони бо буриши қайсарӣ таваллудшуда чӣ фарқ мекунанд?

Доимо дар бораи ҳолати баъди ҷарроҳи аз саломатии ҷисмонии модару кудак гуфта мешавад аммо маълум нест, ки зиндагии баъдии чунин кудакон чихел давом меёбад. Дар олами тиб оиди аз рӯ кудакони бо роҳи буриши қайсарӣ таваллудшуда тадқиқотҳои зиёд гузаронида шудаст.

Бояд гуфт, ки буриши қайсарӣ бар асари маҷбурият гузаронида мешавад. Яъне дар ҳолати бад будани саломатии модар ё кудак гузаронида мешавад. Ва бадеист, ки баъди ба дунё омадани кӯдак ҳолати ин ё он на он қадар хуб аст. Вале бо гузаронидани як ҷарроҳӣ, таввалудкунии дигар кудакон низ бо буриш мегузарад. Яъне саломатии модар хуб ҳам бошад, амалиёти ҷароҳӣ гузаронида мешавад.

Дар нигоҳи аввал кудакони бо роҳи табиӣ таваллуд шуда аз кудакони бо роҳи буриши қайсарӣ ба дунё омада, умуман фарқ намекунанд. Аммо аз ҷиҳати тиббӣ фарқиятҳо дида мешавад. Барои мисол мағзи сари кудакони бо ҷарроҳӣ таваллудшуда гирид ҳастанд ва шакли зебо доранд, ба истиснои ҳолати оне, ки каллаи кӯдак дар ягон тараф руст карда бошад. Яъне дар дохили батн шаклаш дигар шуда бошад. Кӯдакони бо роҳи табиӣ тавлудшуда калаи дароз доранд. Гоҳо он шаклашро дигар мекунад ва гоҳо ҳам чунин мемонад.

Ҳангоми бо роҳи ҷарроҳӣ ба дунё омадани кудак аз батн зуд ба ҳавои берун мебарояд. Ин тағироти ҳаво ба кудак таъсири калон мерасонад.

Баъди калон шудани кудак модарони зиёдеро аз озмоиши МРТ гузарониданд. Ҳангоми озмоиш овози гиряи кӯдаконашонро ба онҳо шунавониданд. Дар натиҷа маълум гардид, ки гирия кӯдакони бо роҳи ҷарроҳӣ ба дунё омада модаронашонро камтар дар изтироб мегузорад. Табибон бар он ақидаан, ки ҳангоми таваллуди табиӣ дар модар ҳормони октасин истеҳсол мешавад, ки муҳаббати байни модару кӯдакро барқарор менамояд. Дар модарони бо буриш таваллудкарда ин ҳормон кам ҳосил мешавад. Аз ин хотир робитаи модару кудак дертар қавӣ мегардад. Албатта ин маънои онро надорад, ки модаронӣ бо роҳи ҷарроҳӣ таваллудкарда кӯдаконашонро дӯст медоранд. Баъзан модароне, ҳастанд, ки кудакро фарзандхонӣ кардаанд ва дустдорию изтиробашон аз модари ҳақиқӣ фарқ намекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД