arzon replenishment
Кӯдакони баъди соли 2025 таваллудшударо “насли Бета” ном хоҳанд бурд
03.01.2025
ОИЛА.ТҶ
990

Кӯдакони баъди соли 2025 таваллудшударо “насли Бета” ном хоҳанд бурд. Дар ин бора муҳаққиқи самти иҷтимоӣ ва муаллими мафҳуми “насли Алфа” Марк Маккриндл дар веб-блоги худ ибрози назар кардааст.

"Соли 2025 оғози насли нав - "насли Бета" хоҳад буд. Оддӣ карда гӯем, насли Бета онҳое ба шумор мераванд, ки аз соли 2025 то 2039 таваллуд шудаанд”,- гуфта мешавад дар хабар.

Ин пажӯҳишгар таъкид кардааст, ки “насли Бета” то соли 2035-ум 16%-и аҳолии ҷаҳонро ташкил хоҳад дод. Инҳо кӯдакони хурди "насли Y" ва кӯдакони калонсолтари "насли Z" хоҳанд буд.

- “Насли Бета” дар замоне зиндагӣ хоҳад кард, ки зеҳни сунъӣ ва автоматизатсия дар ҳаёти ҳаррӯза пурра ворид мешавад - аз маориф ва кор то соҳаи тандурустӣ ва фароғат,- пешгӯӣ мекунад коршинос.

“Илова бар ин, “насли Бета” ҷаҳонеро мерос мегирад, ки бо мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ, тағирёбии иқлим, ҳаракати ҷаҳонии аҳолӣ ва урбанизатсияи босуръат мубориза мебарад”,- илова намудааст МакКриндл.

Моҳи июли соли гузашта директори генералии Агентии маркетинги IVK Media Solutions Василина Михайлова дар мусоҳиба бо “Газета.ру” гуфта буд, ки "насли Алфа" (мутаваллидони аз соли 2010 то 2025) ба чизи мушаххас таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Ӯ афзуд, ки ин кӯдакон давраи то марҳилаи рақамиро надидаанд ва инро бояд ба назар гирифт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД