goodwell
Кӯдаки рабудашуда аз таваллудхонаи №1-и Душанбе пайдо шуд
16.10.2026
Oila.tj
94

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз пайдо шудани навзоде хабар дод, ки чанд рӯз қабл аз таваллудхонаи №1-и пойтахт рабуда шуда буд.

Тибқи иттилои расмӣ, кормандони милитсия дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кӯдакро пайдо кардаанд. Хушбахтона, навзод сиҳату саломат мебошад.

Ин ҳодиса дар рӯзҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб карда, боиси нигаронии шаҳрвандон ва паҳн шудани хабару тахминҳои гуногун гардида буд.

Мақомоти дахлдор ваъда додаанд, ки ҷузъиёти бештари ҳодиса, аз ҷумла шароити пайдо шудани кӯдак баъдан расман шарҳ дода мешавад.

То замони нашри ин хабар маълумоти муфассал дар бораи ҳолатҳои пайдо шудани навзод ва шахсони эҳтимолан дастдошта дар ҳодиса дастрас нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД