Sebiston new 2024 october
Кӯдаки дарунрав бояд чӣ хӯрад?
622

Бо фарорасии фасли тобистон дарунрав авҷ мегирад. Сабабҳои сар задани ин беморӣ хеле зиёданд. Аз дарунрав бештар кӯдакон азоб мекашанд ва агар дар ин давра тифл ягон ғизои зарарнок хӯрад, ҳолаш бадтар мешавад. Аз ҳамин хотир, имрӯз мо дар бораи реҷаи ғизои кӯдакони ба дарунрав гирифторшуда маълумот медиҳем. Мехоҳед донед, ки ҳангоми дарунрав ба кӯдак чӣ додан мумкин аст ва аз чиҳо бояд парҳез намуд? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

Дар байни мардум ақидае вуҷуд дорад, ки ба кӯдаки шикамрав шуда тамоман хӯрок додан лозим нест. Ин ақида комилан ғалат аст, баръакс дар ин давра фарзанди шумо бояд бештар ғизои солим истеъмол намояд, то ҷисмаш ба муқобили беморӣ мубориза бурда тавонад. Аммо тифлакони шикамрав шуда бояд аз хӯрдани баъзе чизҳо, ки ба ҷойи фоида зарар расонида, ҳоли кӯдакро бадтар месозанд, парҳез намояд. Маҳз аз кадом ғизоҳо бояд парҳез кард, инро духтури кӯдакона-педиатор пас аз ташхис ва аниқ кардани сабаби ба шикамрав гирифтор шудани кӯдак муайян мекунад, вале баъзе хӯрданиҳое ҳастанд, ки сарфи назар аз сабаби беморӣ ба кӯдаки шикамравшуда доданашон манъ аст.

Ба кӯдак дар давраи беморӣ чӣ додан мумкин аст?

Ба кӯдаки шикамрав шуда метавонед бе ягон тарсу ҳарос хӯрданиҳои зеринро диҳед:

Нони гандумӣ, шӯрбо бо гӯшти қиммашудаи гов, гӯшти гург ва паррандаҳои дигар, гӯшти камравғани гов, моҳӣ (камравған бошад), творог, шавлаи биринҷӣ ё ҷавӣ, картошкаю сабзӣ ва дигар навъи сабзавоти ҷӯшонидашуда, себи дар тафдон пухтагӣ, чака ва кисел, компот, оби хулул-шиповник.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД