Formula novemver 2024
Кӯдаки дарахт дар оғӯш ва пур аз хоку лой кист?
3376
Кӯдаки дарахт дар оғӯш ва пур аз хоку лой кист?

Беҳрӯз Мирзоеву Мастона Каримзода 3 фарзанд доранд ва Сафиоллоҳ писари дуюми онҳост. Сафиоллоҳ Мирзозода 25 июни соли 2016 ба дунё омада, имсол бояд ба мактаб мерафт. Падару модар барояш либоси мактабӣ харидаву худ дар тарадуди хонанда шудан буд, аммо ...

Шаби 27 ба 28 август дар ҳудуди ҷумҳурӣ боронҳои дурударози пуршиддат бориданд, ки дар натиҷа селу фаромадани ярч ба амал омада, бисёр кӯпруку роҳҳо ва манзилҳою истиқоматию ҷони одамонро рабуд. Аз ҷумла, дар деҳаи Тангаии ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат, ки хонаводаи Сафиоллоҳ он ҷо мезистанд, сели харобиовар хонаашонро хароб карду ду писари амаашро ҳамроҳи худ бурд. Ба бахти Сафиоллоҳ дарахте ӯро наҷот дод.

Модари Сафиоллоҳ зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, шаб кадоме аз наҷотдиҳандагон писарашро оғӯш дар дарахт ва пур аз лой ёфтааст. Аҳволи ӯ чунон бад буд, ки вақте дар наворҳо диданд, худашон кӯдакро нашинохтанд.

“Ҳамон шаб тавассути мошини “Ёрии таъҷилӣ” писарамро ба беморхона бурдаанд. Мо субҳ ба ҷустҷӯяш пардохтем. Вақте ба беморхона омадем, аҳволи писарам вазнин буду ӯ дар шуъбаи эҳё мехобид”, - гуфт модари кӯдак.

Беҳрӯз Мирзоев, падари Сафиоллоҳ, ки он шаб дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия қарор дошт, зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, ҳамсараш барояш занг заду “дидор дар қиёмат” гуфт.

Баъди ин, ӯ фавран чипта гирифта, ба Ватан баргашт ва айни ҳол бо кӯмаки мақомоту наздикон ва ҳамсояҳо хонаву дарашонро аз лойоба тоза доранд. Сел тамоми биноҳои ёрирасонашонро бо худ бурдааст.

Яке аз табибони Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, кӯдак рӯзи дуюм дастонашро кушоду рӯзи сеюм чашмонашро ва айни ҳол дар ҳуҷра бистарист. Имрӯз баъди муоинаҳо ба хонаашон меравад, гуфт ин табиб.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Сабохат 2023-09-06, 13:34
Асалча умри дарозат тийад худованд.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Сабохат 2023-09-06, 13:34
Асалча умри дарозат тийад худованд.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД