Sebiston new 2024 october
Кӯдаки бе шаҳодатнома чӣ ҳуқуқ дорад?
887


Ман бо ҳамсару фарзандонам иҷора мешинем, падарам ҳам иҷоранишин аст.

Фарзандонам ба хотири надоштани ҷои истиқомати доимӣ шаҳодатномаи таваллуд надоранд. Барои ба фарзандонам ҳуҷҷат кардан бояд чӣ кор бояд кунам?

Имран Раҳмонов

Посух: 

Тибқи талаботи моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бақайдгирии давлатии таваллуд дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомати падару модари (яке аз онҳо) кўдак гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои истисноии муайяннамудаи Қонуни мазкур бақайдгирии таваллуд дар ҷойи таваллуди кўдак гузаронида мешавад.

Тибқи талаботи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ падару модар (яке аз онҳо) ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи бақайдгирии таваллуди кўдак аризаи хаттӣ пешниҳод мекунанд.

Дар сурате, ки агар падару модар (яке аз онҳо) имконияти шахсан додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кўдакро надошта бошанд, ариза аз ҷониби хешовандони яке аз падару модар ё шахси аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) ваколатдоршуда, мақомоти васоят ва парасторҳо, ё ки шахси мансабдори муассисаи тиббӣ, ки кӯдак дар он ҷо таваллуд ёфтааст ва ё аз тарафи шахси мансабдори муассисаи дигаре, ки модар дар давраи таваллуд дар он ҷо буд ва ё кӯдаки таваллудшуда дар он ҷо қарор дорад, дода мешавад.

Дар баробари додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кўдак бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи факти таваллуди кўдак, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти падару модар (яке аз онҳо) ё шахсияти аризадиҳанда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколатҳои ў ва ҳуҷҷатҳое, ки барои ворид намудани маълумот дар бораи падару модар ба сабти асноди таваллуди кўдак асос шуда метавонанд, пешниҳод карда шаванд.

Ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кўдак бояд на дертар аз се моҳ баъд аз таваллуди кўдак пешниҳод гардад. Гузаронидани мўҳлати муқарраршуда барои рад кардани бақайдгирии давлатии таваллуд аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос шуда наметавонад.

Падар ё модаре, ки дар мўҳлати муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи мазкур барои ба қайди давлатӣ гирифтани кўдакаш ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ариза пешниҳод намекунад, бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД