Навзоде, ки шаби 12-уми октябр аз таваллудхонаи №1-и Душанбе ғайб зада буд, пас аз пайдо шудан ҳамроҳи модараш имрӯз ба хона ҷавоб дода шуд.
Мавзуна Акрамоваи 19-сола рӯзи 11-уми октябр дар Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон, маъруф ба таваллудхонаи №1 фарзанди нахустини худ - писарбачаро ба дунё оварда буд. Аммо шаби 12-уми октябр кӯдак аз таваллудхона ғайб зад. Пас аз ин ҳодиса кормандони мақомоти милитсия ҷустуҷӯи навзодро оғоз карданд.
То ҳол ҷузъиёти ҳодиса пурра маълум нест. Мақомоти расмӣ шарҳ надодаанд, ки навзод дар рӯзҳои бедарак буданаш дар куҷо қарор дошт, кӣ ӯро аз таваллудхона берун бурдааст ва ҳодиса дар чӣ шароит рух додааст.
Қаблан мақомоти милитсия ваъда дода буданд, ки дар бораи ин ҳодиса маълумоти муфассал пешниҳод мекунанд. То замони нашри ин хабар маълумоти расмӣ дар бораи натиҷаҳои таҳқиқот дастрас нест.