arzon replenishment
КӮДАКИ 4-СОЛА ЗЕРИ МОШИН МОНДУ...
1976


Дамирҷон нав ба синни 4-солагӣ қадам ниҳода буд ва мисли кабӯтараки навбол дар фазои зиндагӣ шодона пар-пар мезад.

Суханони ширини кӯдакона ва нағмаю бозиҳои ин тифлаки дӯстрӯй ба падару модар ва аҳли оила як ҷаҳон нишот мебахшид, аммо...

Ӯ дигар наметавонад қатори дигар бачаҳо бо хурсандӣ давутоз кунад!
Ӯ дигар бо ғалоғулаи пурнишоти худ кӯчаро ба сар намебардорад!

Ӯ дигар наметавонад бо ифтихор дар паҳлӯи падараш қадам занад!
Ӯ дигар бо лафзи ширинаш ба модар фараҳу шодӣ бахшида наметавонад, зеро...

Ба ҷойи хандаҳои беғаши Дамирҷон акнун аз фазои кошонаи онҳо танҳо садои нолаи ҷигарсӯз ва дилрешкунанда ба гӯш мерасад.

Садои “Во балам” гӯии пурсӯзу пургудози модари фарзандгумкарда синаи фалакро медарад, ба ҳоли зори падари ҷигарсӯхта бошад, ҳатто санги хоро гиря мекунад.

Ғаму дарди волидону пайвандон поён надорад зеро Дамирҷони 4-сола ба таври фоҷиавӣ дунёро падруд гуфт.

Ин ҳодисаи хунин шми 10-уми июл ба вуқуъ пайваста, тахминан соатҳои 23.10-и шаб ронандаи 36-слаи автомашинаи тамғаи «БМВ» Рустам ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Карамов аз тарафи кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар рӯ ба рӯи масҷиди ҷомеи «Навобод» кӯдаки хурдсол Дамирҷон Сулаймоновро пахш намуд. Писарчаи 4-сола дар як лаҳза ба хоку хун оғӯшта гашт ва бар асари захму ҷарҳатҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расид. Тафтишоти ин қазия идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД