Бар асари заминларзаи шадид, ки дирӯз, 13-уми апрел дар қаламрави кишвар сар зад, дар Рашт як кӯдаки 3-сола ҷони худро аз даст додааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон медиҳад.
Заминҷунбии сахте, ки дирӯз дар қаламрави Тоҷикистон сар зад, чандин манзили истиқоматиро вайрон намуда, ҳамзамон ҷони як тифлаки маъсумро рабуд. Тавре КҲФ хабар додааст, ноболиғ Машрабов Абдуғанӣ Шарҳиддинович, соли таваллудаш 2022, сокини деҳаи Уштурпасти ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак зери девори манзили истиқоматӣ монда, ба ҳалокат расидааст.
Бар асари заминларзаи дирӯза дар ҳудуди деҳаҳои Сафедкунда, Гулханӣ, Кӯл, Аскалони ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳия Рашт 17 хонаи истиқоматӣ, бинои мактаби №56-и деҳаи Гулханӣ ва дар ҷамоати деҳоти Хиҷборак, деҳаи Хулак 1 хонаи истиқоматӣ, дар маҷмуъ 17 манзили истиқоматӣ ва 1 муассисаии таълимӣ зарар дидаанд. Дар ҳудуди деҳаҳои Кӯл, Бӯстон ва Анвар Қаландарови ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ ва деҳаи Ғанишоби ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод, тибқи маълумоти пешакӣ 12 хонаи истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон зарар дидаанд.
Тибқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминларза рӯзи 13-уми апрели соли 2025 соати 09:24 дақиқа дар ҳудуди кишвар ба қайд гирифта шуда, маркази он дар 160-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 21-километрии шарқи ноҳияи Рашт қарор доштааст. Қувваи заминларза дар марказаш 5-6 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил додааст.
Дар ин рӯз ҳамчунин соати 12:14 зилзилаи дуюм ба қайд гирифта шуд, ки маркази он 163-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 29-километрии шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 4 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 2-3 баллро ташкил додааст. Заминларзаи сеюм соати 13:33 рӯй дода, маркази заминларза 158-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 24-километрии шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 3 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 2 баллро ташкил додааст. Дар шаҳри Душанбе ин заминларза эҳсос нашуд.
“Айни замон як ҳайат аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ҷойи ҳодиса қарор дорад ва аз мавзеъҳои харобидида дидан мекунад”,- омадааст дар хабар.