Хадичаи дӯстрӯву хурдакак ҳанӯз дусола нашуда буд, вале аллакай “тай-тай по-по” роҳ мегашт. Барвақт роҳгардон шудани духтарчаи нозанинашонроо дида, падару модар аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд. Хадичаи фатиламӯй мисли гунчишкак бо забони тифлонааш ғуҷур-ғуҷуркунон ширин-ширин гап мезад ва аҳли оила аз шунидани ҳарфҳои кӯдаконааш завқ бурда, барояш аз даргоҳи худованд умри дарозу ризқи фароз орзу мекарданд, аммо...
Риштаи умри ин тифлаки номурод ба таври фоҷиавӣ канда шуд. Падару модар ва хешу ақрабо ҷисми хурдакаки Хадичаро, ки дар хуну халаф ғарқ буд, бо нолаҳои зору дидагони ашкбор ба хок супориданд. Бемор мебуд ё бо аҷали худ мемурд, шояд таҳаммул кардани марги тифлаки дилбандашон барои волидони ҷигархун ин қадар сангин намегашт, вале бардоштани доғи фарзанд барои модари зори Хадича басо душвор аст, зеро духтарчаи нозанинаш зери чархи мошин монда, бо ранҷу азобҳои алим ин оламро падруд гуфт...
Ба иттилоъи ВКД ин ҳодисаи нохуш рӯзи 27-уми ноябр, тахминан соатҳои 17:30 сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Раҳматов Шариф Ғафурович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Намунаи ҳамин ноҳия, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, тифлаки хурдсол Хатича Каримзода, соли таваллудаш 2020-ро пахш намудааст. Духтарчаи яксола бар асари ин фалокат ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Ронандагони азиз, ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошед ва ҳаёти худу дигаронро дар хатар нагузоред, охир шумо ҳам фарзанд доред!