arzon replenishment
Кӯдак зери чархи мошини падар монд
750


Як марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе фарзанди хурдсолашро бо мошин пахш кардааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад...

Фоҷиа рӯзи 8-феврал, тахминан соатҳои 8.30-и субҳ сар зада, ронандаи мошини боркаши «Хюндай Портер» Сафаралиев Муҳаммад Холиқович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар ҳавлии манзили истиқоматиаш фарзанди хурдсолаш Сафаралиев Абдураҳмон Муҳаммадовичроро пахш кардааст. Писарчаи 4-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба сӯйи бемористон ҷон дод.

Чанд рӯз қабл дар Фархор низ як кӯдаки 11-сола зери чархи мошин монда буд. Фирдавс Раҳмонови велосипедсаворро мошин ҳангоми ҳаракат дар қисмати бехатари роҳ пахш карда, дар натиҷа писарак ҷароҳатҳои вазнин ҷисмонӣ бардошт ва дар беморхона ба ҳалокат расид.

Аз ин хотир бори дигар аз тамоми ронандагон хоҳиш мекунем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд ва аз сар задани чунин ҳодисаҳои нохуш пешгирӣ намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД